Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Тунис Муҳаммад Иброҳимӣ аз силоҳе кушта шудааст, ки аз он ним сол пеш сӯи ҳамсангари ӯ Шукрӣ Белаид тир андохта буданд. Дар ин бора вазири умури дохилии Тунис Лутфӣ бини Ҷедду хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, яке аз гумонбарони аслӣ дар куштори ин сиёсатмадорон ифротгарои салафӣ Абубакр Ҳаким аст, ки қаблан бо иттиҳоми қочоқи силоҳ ба Либия мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта буд.

Муҳаммад Иброҳимӣ, ки аз афкори дунявӣ пуштибонӣ менамуд ва ҳизби исломии ҳукмрони “Ан-Наҳда”-ро танқид мекард, рӯзи панҷшанбе дар назди манзили зисташ кушта шуд. Ин сӯиқасд боиси эътирозҳои сериздиҳом дар Тунис гардид, ки рӯзи ҷумъа низ идома доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG