Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сафари кории раҳбари Тоҷикистон ба пойтахти Русия мавзӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар авлавият қарор мегирад.

Ба думболи як сӯҳбати телефонии миёни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки якуми август сарвари Тоҷикистон аз Маскав боздид кунад. Дар хабари сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки сӯҳбати телефонӣ нимаи дуввуми рӯзи 26 июл сурат гирифт ва "сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар карданд". Бар пояи ин хабар, Владимир Путин пешниҳод намуд, ки ин мавзӯъҳо дар сафари кории ҳамтои тоҷикаш ба Маскав муфассалтар баррасӣ шаванд ва “ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд".

Авоили моҳи октябри соли гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе ду созиши муҳим – дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва кӯмакҳои низомиву иқтисодии Русия ба Тоҷикистон имзо шуд. Созиши аввалӣ тамдиди замони ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия то соли 2042 ва имкони тамдиди баъдии санадро дар назар дорад. Бар пояи он, афсарону сарбозони пойгоҳ дар Тоҷикистон аз дахлнопазирӣ бархӯрдор хоҳанд шуд. Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои низомӣ дорад ва бо тақрибан 7 ҳазор аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ шинохта мешавад. Созиши дуввум ба навъе идомаи созиши аввалист - Маскав ба ивази тамдиди будубоши пойгоҳи низомияш баъзе сабукиҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик ва лағви боҷи гумрукии эъмолшуда ба содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчун ёриҳои низомӣ барои артиши ин кишварро ваъда супурд.

Дар заминаи ин ду мавзӯъ моҳи феврали соли равон байни Тоҷикистону Русия ду қарордоди алоҳида ҳам ба имзо расид, ки бар пояи аввалияш 1 миллион тонна маводи сӯхти Русия соли равон бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ маъоф мешуд ва дуввумӣ ба муҳоҷирони тоҷик имкон медод, ки ба ҷои 3 рӯз то 15 рӯз дар Русия бидуни сабти ном ба сар баранд.

Аммо ин созишномаҳо ё якҷониба тасвиб шуданд ё аслан дастнохӯрда боқӣ мондаанд. Таҳлилгарон дар ташреҳи то ҳол аз сӯи парлумони Тоҷикистон тасвиб нашудани созиш дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи низомии Русия мегӯянд, ки Душанбе талоши даст ёфтан ба имтиёзҳои бештар аз Маскав дар
Андрей Грозин

Андрей Грозин

ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳро дорад. Аз нигоҳи таҳлилгарон, Душанбе шояд аз он нороҳат аст, ки Русия дар ивази то соли 2032 тамдид шудани ҳузури низомиаш дар Қирғизистон, 489 миллион доллар қарзи Бишкекро ботил карда, барои сохтани 5 нирӯгоҳ, аз ҷумла нирӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ваъдаи сармоягузорӣ кардааст. Ба гуфтаи Андрей Грозин, мудири бахши Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ, мақараш дар Маскав, Тоҷикистон аз Русия имтиёзҳоеро мехоҳад, ки Маскав ба Бишкек додааст ва пеш аз ҳама умедвори анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, ки дар Тоҷикистон ба як ормони миллӣ табдил ёфтааст.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки маҳз ба иллати иҷро нашудани бандҳои ин ду созиш равобити Маскаву Душанбе ба сардӣ гаравидааст. Онҳо мегӯянд, ки мавзӯи ин созишҳо ҳоло ба як мушкили сиёсӣ табдил шудааст ва шояд он аз роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, қабл аз шурӯи маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав сафар кардани Эмомалӣ Раҳмон ҳам бесабаб нест.

Темур Варқӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, ҳадс мезанад, ки мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав пурра ба масоили интихоботи раӣсатҷумҳурии Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд. Ӯ бо такя ба сӯҳбатҳои дар маҳофили сиёсии Маскав мегӯяд, ки Кремл дар мавриди пуштибонии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ё дигар номзади “ҳукуматӣ” ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст ва
Темур Варқӣ

Темур Варқӣ

ҳамзамон имкони ҷонибдории мустақим ё ғайримустақими Маскав аз дигар номзади мухолифи режими феълии Душанбе ҳам байид ба назар намерасад. Ба гуфтаи таҳлилгар, Маскав интизори “сигнал”-и Душанбе дар робита ба тасвиби созиш дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон аст.

Темур Варқӣ мегӯяд, сабаби аз сӯи Душанбе то ҳол тасвиб нашудани ин созиш ҳам он аст, ки “мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо Маскав “тиҷорат” кунанд, яъне, шумо аз номзади мо дар интихобот пуштибонӣ мекунем, мо дар навбати худ созишро тасвиб мекунем”.

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ҳам ба “хариду фурӯш” шудани мавзӯи тасвиби созиш оид ба пойгоҳи низомии 201-ум дар музокироти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шак надорад. Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз пуштибонии Русия дар интихоботи раёсаҷумҳурӣ бархурдор шавад ва итминон ҳосил кунад, ки Маскав дар пушти ӯ мустақилона ба ҷустуҷӯи шарику ҳампаймони нав аз миёни сиёсатмадорони тоҷик шурӯъ
Артем Улунян

Артем Улунян

нахоҳад кард. Ба гуфтаи сиёсатшинос, мақомоти Русия аз “маскавгурези”-и Душанбе ва имкони рӯ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ИМА, овардани он нигаронанд. Артем Улунян меафзояд, “дар Маскав аз тақвияти нуфузи Амрико дар Тоҷикистон ҳарос доранд, зеро моҳҳои ахир Ӯзбакистон, дигар кишвари минтақа, ба таҳкими равобит бо Вошингтон тарҷеҳ медиҳад ва ин барои Кремл “хело дардовар” аст”. Аз нигоҳи сиёсатшинос, шояд дар музокироти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дигар мавзӯъҳо, аз ҷумла, дубора дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мустақар шудани сарҳадбонҳои рус ва ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки як фишанги фишори Маскав болои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад. Ба гуфтаи сиёсатшинос, "байид нест, агар Маскав бозгашти сарҳадбонҳояш ба марзҳои Тоҷикистонро чун яке аз шартҳои пуштибонии номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба миён гузорад".

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, мушкилот дар равобит бо Русияро рад кард ва ибрози умедворӣ намуд, ки созиши тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар ниҳоят ба имзо хоҳад расид. Ӯ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, "созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон протоколи ёддошти тафоҳум ё созишномаи дувумдараҷае нест, ки барои муддати кӯтоҳ дар назар гирифта шавад ва бидуни аҳамият бошад. Ба ин далел ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба ин масъала бо ҷиддият таваҷҷӯҳ доранд ва ин созишнома ҳамкории моро барои дурнамо ва он ҳам дар соҳаи хеле муҳим - низомӣ ва низомӣ - фаннӣ мушаххас мекунад."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки "масоил ва тавофуқоти ба имзорасида аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон ва Русия хеле мушикофона ва бо ҷиддият пайгирӣ ва баррасӣ мешавад. Низомиён то ба охир ин санадро омода хоҳанд кард ва умедворам. ин созишнома тасвиб хоҳад шуд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG