Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии ҷанг дар Авруосиё, аммо на барои нафт, балки об


Нуктае, ки дар Кумитаи Конгресси ИМА садо дод, эҳтимоли ҷанг дар Осиёи Марказӣ барои об буд, вале аъзои Конгресс ва коршиносон ба он эътибор надоданд.

Комитаи Конгресси ИМА рӯзи 25-уми июл «аломатҳои таҳдиди ҷанг барои захираҳо»-и Осиёи Марказиро баррасӣ кард, аммо ба хулосаи рӯшане дар ин бора нарасид. Баррасии низоъҳои эҳтимолии марбут ба сарватҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси зеркумитаи Палатаи Намояндагон дар умури Аврупо, Авруосиӣ ва таҳдидҳои дар ҳоли ташаккул ҷараён гирифт. Дар ҳоле ки раиси ин зеркумита, конгрессмен Дана Рорабаҳер бори чандум аст, чунин мавзӯъро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор медиҳад, коршиносон эҳтимол сар задани ҷангро барои захираҳои Осиёи Марказӣ рад карданд.

Конгрессмен Рорабаҳер дар ифтитоҳи ҷаласа ҳушдор дод, ки «талаботи рӯзафзун ба захираҳои маъданию энержӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобати тунди иқтисодииро ангезиш додааст, ки метавонад ба низоъи осебрасон сабаб гардад...Дар ҷаҳоне, ки як тараф танҳо бо ғасби захираҳои тарафи дигар метавонад рушд кунад, сар задани низоъ хостияти зотӣ дорад. Вақте ки ба монанди Осиёи Марказӣ захираҳои нав кашф мешаванд, изтиробе ба миён меояд, ки онҳо барои ҳама кофӣ нахоҳанд буд ва ҳамин гуна тухми низоъ кошта мешавад.»

Раиси зеркумитаи Палатаи Намояндагон дар умури Аврупо, Авруосиё ва таҳдидҳои дар ҳоли ташаккул ба он ишора кард, ки Чин ва Ҳинд ба марҳилаи рушди босуръат ворид гашта, ҳарчӣ бештар ба захираҳои энержӣ ниёз пайдо мекунанд. Аммо ӯ нагуфт, чаро ва чӣ гуна ин ҳолат метавонад сабаби ҷанг дар Осиёи Марказӣ шавад. Дар ҳимоят аз ӯ узви нави Конгресс Пол Кук гуфт, таърих гувоҳ аст, ки аксари ҷангҳо барои дастёфт ба захираҳои табиӣ сар задаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
Линки мустақим



Дар посух ба ин иддао Эд Чоу, мутахассиси энергетика дар Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байнулмилалӣ, иқрор кард, ки Осиёи Марказӣ захираҳои бойи маъданӣ ва энержӣ дорад, аммо онҳо ба ҳама дастрасанд ва кишварҳои гуногун бо роҳи сармоягузорӣ метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Чоу афзуд, дар ин раванд ҳеҷ нишонае аз эҳтимол сар задани ҷанг барои сарватҳо дида намешавад. Вай изҳор дошт, ки зеркумитаи Палатаи Намояндагон дар умури Аврупо, Авруосиӣ ва таҳдидҳои дар ҳоли ташаккул аксар вақт шиддати рақобатҳоро муболиға мекунад.Ин коршинос гуфт, вазъиятро хуб медонад, чун мушовири Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар тарҳи лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон-Афғонистон-Покистан-Ҳинд) аст.

Таҳлилгари дигар, Нил Браун, ки дар бунёди амрикоиву олмонии Маршалл кор мекунад, гуфт, “талоши назорат бар қаламравҳое, ки дорои захираҳоянд, дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад, аммо ин бештар дар дохили кишварҳо ба назар мерасад, то дар байни онҳо.” Вай илова кард, ки аз ин лиҳоз дар Осиёи Марказӣ ороми нисбӣ ҳукмфармост.

Ҳамзамон, Браун афзуд, набояд чунин ангошт, ки низоъ барои захираҳои ин минтақа номумкин аст. Аммо ӯ чунин эҳтимолро бештар ба тақсими захираҳои нафту гази бистари Дарёи хазар ё Баҳри Каспий рабт дод.Ин дар ҳолест, ки мутахассиси энергетика дар Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байнулмилалӣ, Эд Чоу, гуфт, шиддати бештар дар минтақа ба захираҳои об дахл дорад ва низои эҳтимолӣ мумкин аст, на барои нафту газ, балки барои назорат ба захираҳои оби Осиёи Марказӣ сар занад.

Яке аз пурсишҳои асосӣ дар ҷаласаи зеркумитаи Палатаи Намояндагон ин буд, ки кадом омилҳо пеш ва беш аз ҳама сабаби муноқиша шуда метавонанд: рақобат барои захираҳои табиӣ, тундгароии исломӣ ё ноуҳдабароии режимҳои заифи сиёсӣ зери раҳбарии сарварони мустабид, фосид ва солманд?
XS
SM
MD
LG