Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳоти шимоли ғарби Покистон 20 ҷасад пайдо карданд


Мақомоти Покистон дар як минтақаи қабиланишин дар шимоли ғарби кишвар 20 ҷасад пайдо карданд. Мақомоти маҳаллӣ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷасадҳо дар се деҳа дар минтақаи Бора дар ноҳияи қабиланишини Хайбар наздик ба марзи Афғонистон пайдо шудаанд.

Дафтари матбуотии як ниҳоди низомии Покистон гуфтааст, ҷасадҳои пайдошуда аз тундравҳое будааст, ки дар ҷараёни амалиёте дар аввали моҳи ҷорӣ кушта шудаанд. Мақомот ин ҷасадҳоро рӯзи панҷшанбе ба хок супурдаанд.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ пайдо шудани чанд ҷасад дар Бора эътирозҳоро ба бор оварда буд. Мардуми маҳаллӣ низомиёнро муттаҳам карда буданд, ки одамони бегуноҳро мекушанд.
XS
SM
MD
LG