Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди кумиссиюни Амрико аз озодии дин дар Қазоқистон


 Бахтиҷон Кашкумбоев ва Александр Харламов
Бахтиҷон Кашкумбоев ва Александр Харламов
Рорберт Ҷорҷ-раиси Кумиссиюни Амрико дар умури озодии мазҳаб дар ҷаҳон мегӯяд, Қазоқистон дар Осиёи Миёна дигар аз лиҳози озодии дин дар мақоми аввал қарор надорад.

Роберт Ҷорҷ мегӯяд, додгоҳи қарибулвуқуи ду нафар фаъолон дар робита бо фаъолиятҳои марбут ба озодии дин ва ҳамчунин қабули қонуне дар бораи маҳдудияти фаъолиятҳои мазҳабӣ дар ду соли пеш эътибори байналмиллалии Қазоқистонро поин бурд. Ҳоло ин қонун сабаб шудааст, ки озодии мазҳабии бисёре аз шаҳрвандони Қазоқистон поймол шавад.

Парвандаҳое, ки Роберт Ҷорҷ роҷеъ ба онҳо сӯҳбат кард, бар зидди Александр Харламов-блогнависи мазҳабӣ ва Бахтиҷон Кашкумбоевбоз шудааст. Кашкумбоев дар Остона раҳбари калисо мебошад.
XS
SM
MD
LG