Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти байторӣ: “Тоҷикистонро бемории сӯхтанӣ таҳдид намекунад»


Хадамоти байтории Тоҷикистон дезинфексияи мавзеъҳои бемории сӯхтанӣ ва воксинзании говҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро анҷом дод. Муллоҷон Амирбеков, сардори Хадамоти байтории Тоҷикистон рӯзи 26 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи махсуси Хадамот тайи як ҳафта 300 гов дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакентро воксин зада, маҳалли бурузи бемории сӯхтаниро комилан бехатар гардониданд. Вай гуфт, ки бо воксин задани молҳои деҳаи Саратоғи ҷамоати Фондарё ва деҳаи Хурмии ноҳияи Панҷакент, дигар минтақаҳое, ки эҳтимоли хатар дошта дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва "сибирская язва" дигар таҳдид намекунад. Ба нақли Муллоҷон Амирбеков, чӯпони деҳаи Саратоғ Зариф Исҳоқови 56-сола, ки гуфта шуд, аз бемории сӯхтанӣ даргузашт, аслан бемории шуш дошта ва бинобар саривақт ба пизишкҳо муроҷиат накардан, ин беморӣ боиси маргаш шудааст. Пас аз ин ки Насиб Икромов, муовини сардори Маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд рӯзи 17 июл оид ба хуруҷи бемори сӯхтанӣ дар ноҳияи Айнӣ иттилоъ дода гуфта буд, ки сокини деҳаи Саратоғ Зариф Исҳоқови 56-сола, ки пас аз забҳи гови худ бо нишонаҳои сӯхтанӣ даргузашт, Хадамоти байторӣ гуруҳи махсус иборат аз мутахассисони худро ба ин ноҳия ва ба Панҷакент фиристода буд.
XS
SM
MD
LG