Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Аврупо оид ба сумо дар Италия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора ба «Озодӣ» Фотеҳ Мухторов, раиси Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми июл, тавассути телефон аз Италия хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Парденони Венетсия ду рӯз идома кард, варзишгарони 9 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ се нафар – Фотеҳ Мухторов, Рустам Ғуломалиев ва Беҳзод Ишратов намояндагӣ карданд.

Рустам Ғуломалиев дар рақобатҳо дар вазни то 115 килограмм ва Фотеҳ Мухторов дар вазни беш аз 115 килограмм ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Беҳзод Ишратов бошад, дар вазни 85 кг дар мақоми панҷум қарор гирифт.

Дар сабқати дастаӣ мунтахаби Тоҷикистон баъди ду пирӯзӣ бар тимҳои Австрия ва Норвегия, баъдан аз дастаи мизбон – Италия ва дар даври ниҳоӣ аз тими Олмон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми чаҳорумро ишғол кард. Мунтахаби Ҳолланд ҷойи аввалро гирифт. Дастаи Италия дувум ва тими Олмон севум шуданд.

Бояд гуфт, ки Фотеҳ Мухторови 46-сола поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вай 11сол инҷониб ба ин навъи варзиш машғул аст. Бо ибтикори ӯ ҳашт сол муқаддам Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфта буд ва аз ҳамон сол вай раҳбари ин созмон аст.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Сумо, гуштии ҷопонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG