Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти Оркестри наврасони Осиёи Миёна дар Душанбе


Оркестри наврасони Осиёи Миёна ё ОНОМ дар шаҳри Душанбе ду барномаи консертиро иҷро мекунад. Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 26 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин барномаҳои консертӣ дар чорчӯби лоиҳаи "Маблағгузорӣ ба инсон"-и Иттиҳодия Аврупо дар ҳамкорӣ бо вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадафи аслии ин иқдом мубодилаи таҷриба дар арсаи мусиқӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва имкони фароҳам овардани шароити кор барои табақаҳои эҳтиёҷманд ва дорои имконоти маҳдуд аст."

Хонум Абдуллоева гуфт, ки 2 барномаҳои консертии оркестри наврасони Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 27 ва 28 июл дар толори Филармонияи давлатӣ ва меҳмонхонаи "Сирена" баргузор мегардад, ки вуруд ба ин тадобир ройгон аст. Ин масъули дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, "оркестри наврасони Осиёи Миёна дар пайи анҷоми консертm дар Қазоқистону Қирғизистон омад ва қарор аст оркестр пас аз намоиши барномаи консертиашон дар пойтахти Тоҷикистон, барои 12 рӯз ба Италия ва Белгия сафари ҳунарӣ кунанд."

Зимнан, ба иттилои дафтари намояндагии Иттиҳодия Аврупо дар Душанбе, Оркестри наврасони Осиёи Миёна, 54 тан навозандагони мактабҳои беҳтарини мусиқии се кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро гирди ҳам оварда ва дар чорчӯби лоиҳаи "Мустақкамсозии фарҳанги мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ аз тариқи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналмилалӣ" созмон ёфтааст. Ин оркестро МАэстро Ҷерардо Колелла, дирижёр ва бастакори итолиёвӣ раҳбарӣ мекунад ва ҳимояти молии онро Бунёди мустақили итолиёвӣ - Ҳамкорӣ ва Рушд ё CESVI бар дӯш дорад. Ҳарчанд, Бунёди Ҳамкорӣ ва Рушд дар соли 1985 таъсис шуда ва Аврупо таҷрибаи чандинсола дорад, аммо ин муассисаи фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар соли 2001 фаъол шудааст.
XS
SM
MD
LG