Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи кушташудагони ҷанги Сурия аз 100 ҳазор нафар гузашт


Сурияи ҷангзада. Акс аз бойгонӣ.

Сурияи ҷангзада. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки шумораи кушташудагони ҷанги дохилии Сурия аз марзи сад ҳазор нафар гузашт.

Бан Кӣ Мун, Дабири кулли СММ бо эълони омори нав аз давлати Сурия ва мухолифон хост, ки ҷангро канор гузошта ва ба хушунатҳо дар ин кишвар поён диҳанд. Дабири кулли СММ мегӯяд, таваққуфи хушунату ҷангҳо барои баргузории конфронси сулҳи Сурия, ки ба «Женева 2» машҳур аст, лозим мебошад.

Конфронси «Женева 2», ки Амрико ва Русия барои баргузории он талош доранд, қарор аст роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия пайдо кунад. Аммо таърихи баргузории он ба ақиб афтодааст ва дар ҳоли ҳозир маълум нест кай баргузор мешавад.

Рӯзи гузашат ва пас аз эъломи тозатарин омор дар мавриди хушунатҳо дар Сурия, Бан Кӣ Мун ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар мавриди қазияи Сурия сӯҳбат карданд. Вазири умури хориҷии Амрико низ аз ҳар ду тараф хостааст ба гуфтугӯ рӯ биёранд то барои поён додан ба ин бӯҳрон роҳи ҳалли мусолиматомез пайдо шавад. Оқои Керрӣ гуфтааст, «ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ» барои ин буҳрон вуҷуд надорад.

Ҷанги дохилии Сурия 28 моҳ аст, ки идома дорад. Бӯҳрон дар ин кишвар пас аз саркӯбии хунини раҳпаймоии мусолиматомез алайҳи давлати Башор Асад боло гирифт ва шӯришҳои мусаллаҳона ба даргириҳои тақрибан рӯзона табдил шуд. Омори расмӣ аз дохили Сурия дар мавриди талафоти ҷанг вуҷуд надорад.

Илова бар кушташудагон, созмонҳои байналмилалӣ ҷанги дохилии Сурияро бадтарин тай ду даҳаи гузашта аз назари шумора ва вазъияти нобасомони оворагон медонанд. СММ мегӯяд, як миллиону 800 ҳазор нафар дар пайи ҷанги дохилии Сурия овора шудаанд, ки аз замони бӯҳрони оворагон дар пайи наслкушии Руванда дар соли 1994, бесобиқа аст.

Дар айни ҳол гузоришҳои гуногун дар мавриди истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар ин кишвар мунташир шудааст. Имрӯз қарор аст Шӯрои Амнияти СММ бо бархе аз аъзои Эътилофи мухолифони давлати Сурия нишасти ғайрирасмӣ баргузор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG