Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳи "роҳзан" дар Душанбе


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, 5 нафар аз ҷумла ду шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки гурӯҳи мазкур аввали ҳамин моҳ бо таҳдид ба як сокини шаҳри Душанбе мошину телефон ва пулҳои ӯро гирифтаанд. Дар баёнияи мазкур, ки рӯзи панҷшанбе дар торнамои вазорат нашр шуд, омадаст, гурӯҳи мусаллаҳи панҷнафариро баъди муроҷиати ҷабрдида зуд боздошт карданд ва дар сурати исботи иттиҳомот онҳоро аз 15 то 20 соли зиндон интизор аст.
XS
SM
MD
LG