Пайвандҳои дастрасӣ

Ё ба зар? Давлати Озарбойҷон ба 150 журналист хона дод


Илҳом Алиев дар расми ифтитоҳи бинои журналистон

Илҳом Алиев дар расми ифтитоҳи бинои журналистон

Ҳукумати Озарбойҷон 150 рӯзноманигори бехонаро дар як бино соҳиби хона кард ва бо ин зоҳиран мехоҳад худро дар назди созмонҳое, ки ин кишварро барои саркӯб кардани журналистон ҳамеша интиқод мекунанд, сафед кунад.

Ин биноро, ки акнун аксари бошандагонаш аҳли матбуот хоҳанд буд, худи Илҳом Алиев, раисҷуҳмури Озарбойҷон, дар Рӯзи матбуоти миллӣ ифтитоҳ кард. Дар ин рӯз тибқи анъанаҳои замони шӯравӣ ба рӯзноманигорон, аҳли фарҳанг ва нависандҳо маъмулан ҷоиза ва унвонҳо дода мешавад. Алиев дар суханронии ифтитоҳиаш аз озодии матбуот дар кишвараш ситоиш кард. Ва он ҳам дар ҳоле ки Озарбойҷон тибқи раддабандии созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, аз нигоҳи озодии матбуот дар байни 176 давлат дар ҷойи ҳамагӣ 156 ум қарор дорад.

“Дӯстӣ бо рӯзноманигорон ифтихори бузург аст!” – ин лавҳа иқтибос аз Илҳом Алиев аст, ки дар пешонии бинои нав, воқеъ дар маҳаллаи Бибиҳайбати Боку, насб шудааст. Тақдими хона ба рӯзноманигоронро Алиев ҳамчун аломати набудани табъиз дар Озайрбойҷон унвон кард. Алиев гуфт, рушди Интернет ва журналистикаи онлайнӣ намунаи дигарест, ки таъмини озодии баён дар Озарбойҷонро собит мекунад.


Илҳом Алиев дар иҳотаи журналистон

Илҳом Алиев дар иҳотаи журналистон

Аммо гумон намеравад, ки ҳамаи журналистҳои Озарбойҷон “дӯстӣ” бо Алиевро қабул дошта бошанд. Авоили соли равон Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз мақомоти Озарбойҷон даъват кард, ки ба саркӯбии матбуот хотима гузорад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорони маҳбус, ба мисли сардабири рӯзномаи маҳаллӣ Ҳилол Мамедов, дар заминаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд.

Танҳо моҳи гузашта президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо як имзо қонунеро дар бораи “тӯҳмати онлайнӣ” тасдиқ кард. Нигароние вуҷуд дорад, ки ин қонун метавонад дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун фишанги маҳдуд кардани ошкоргӯӣ дар Интернет истифода шавад.

Вугар Сафарлӣ, раҳбари Бунёди рушди матбуот, ки аз тарафи давлат пуштибонӣ мешавад, гуфт, ки рӯзноманигорони мустақил низ дар ин бино соҳиби хона шудаанд. Дар Озарбойҷон аз ҳама бештар рӯзноманигорони мустақил таъқиб мешаванд ва ҳоло тақдими хона ба баъзеи онҳо ин ақидаеро ба миён овардааст, ки мабодо ин талоши ҳукумат барои “харидан”-и мунтақидон бошад.

Қулу Муҳаррамӣ, коршиноси соҳаи матбуот ва устоди фанни журналистикаи Донишгоҳи Боку мегӯяд: “Озодии матбуот чист? Матбути озод бояд аз тамоми идораву ташкилоти мавриди пӯшиш, бо шумули ҳукумат, мустақилият дошта бошад. Муҳимтарин рисолати журналист мусоидат ба назорати ҷомеъа бар фаъолияти ҳукумат аст. Чӣ тавр як хабарнигор метавонад ҳукуматро танқид кунад, вақте ки аз ӯ хона мегирад? Аз ин рӯ, беҳтар аст хомӯш бошем, то ин ки мавзӯъи аз ҳукумат хона гирифтани хабарнигоронро ба гунае тавҷеҳ кунем.”

Гузашта аз ин, на ҳамаи хабарнигорҳо аз ин шеваи хонадиҳӣ хушнуд буданд. Рӯъё Рафиева аз нашрияи мухолифи “Йени Мусовот” мегӯяд, ба сардабирони онҳо гуфта шуд, ки рӯйхати хабарнигорони мӯҳтоҷи сарпаноҳро пешниҳод кунанд. Рӯъё мегӯяд, хонаи ройгон насиби ӯ нашуд, зеро баҳона оварданд, ки ӯ ҳамагӣ 4 сол дар ин нашрия кор кардааст. Нашрия онҳоеро тавсия кард, ки таҷрибаи беш аз даҳсолаи корӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG