Пайвандҳои дастрасӣ

Ду консерти оркестри наврасон дар Душанбе


Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо бо номи “Маблағгузорӣ ба инсон” дар Душанбе ду консерти ройгон хоҳад дод. Консерти аввал 27 июл соати 18 дар толори Филармонияи давлатӣ ва консерти дувум рӯзи 28 июл, соати 19 дар толори меҳмонхонаи “Серена” доир хоҳад шуд. Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ бо кумаки молии CESVI, як сандуқиъ хайрияи толиё таъсис ёфта, 54 навозандаи наврас аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. Сарварии оркестрро дирижёр ва оҳангсози маъруфи итолиёвӣ Ҷерардо Колелла бар ӯҳда дорад. Ин оркестр баъд аз баргузории консертҳояш дар Тоҷикистон бо як сафари ҳунарии 12-рӯза ба Итолиёву Белгия хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG