Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи СММ хостори мурофиаи ошкоро ва одилонаи Зайд Саидов шуд


Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, мурофиаи додгоҳии соҳибкори тоҷик, вазири пешини саноат ва муассиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов бояд бозу ошкор баргузор шуда, ҷомеа аз раванди он огоҳ бошад. Дар изҳороти кумита, ки гузориши дуюми ҳукумати Тоҷикистонро арзёбӣ кардааст, гуфта мешавад, Саидов бояд аз ҳуқуқ ба муҳокимаи одилона бархӯрдор бошад. Кумита аз хабарҳои ин ки ҳабси Саидов ба фаъолияти сиёсии ӯ рабт дорад, изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин хулосаи кумита ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, истиқлолияти додгоҳҳоро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG