Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон ба ҷони як хохом сӯиқасд карданд


Бинои як канисо дар Доғистон
Бинои як канисо дар Доғистон
Дар шаҳри Дарбанди ҷумҳурии Доғистони Русия хохоми канисои яҳудиҳо Артур Исҳоқов ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Доғистон, ҳамла аз сӯи фарди ношинос шаби гузашта дар ҳоле сурат гирифт, ки хохом аз мошин барун шуда мехост вориди манзилаш шавад. Артур Исҳоқов аз сари синааш тир хӯрд ва дар вазъи вахим ба бемористон интиқол ёфт.

Мақомоти тафтишотӣ фарзияи рабти ҳамла бо фаъолияти динии хохомро дар мадди аввал гузоштаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад.
XS
SM
MD
LG