Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар сонеҳаи қатор дар Испания 77 нафар ҷон бохтаанд


Бар асари аз масир берун шудани қатори мусофирбар дар минтақаи Галисияи Испания, ба иттилои ахир, дасти кам 77 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои намояндаи додгоҳи маҳаллӣ, чаҳор нафар дар бемористон аз олам даргузашта, аҷсоди мусофирони боқимондаро дар дохили қатор ошкор карданд. Беш аз 140 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Қатор аз шаҳри Мадрид сӯи Феррол ҳаракат мекард ва шоми чаҳоршанбе дар наздикиҳои шаҳри Сантяго-де-Компостела, маркази маъмурии Галисия аз масир берун шуд. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ тамоми шаб идома доштанд.

Масъулин ин ҳодисаро чун сонеҳа арзёбӣ карда изҳор намуданд, ки гап сари амали террористӣ намеравад. Ҳамзамон онҳо таъкид мекунанд, сухани охирро дар бораи ин ҳодиса, ки бузургтарин фоҷиа дар роҳи оҳани Испания дар чиҳил соли ахир аст, мақомоти тафтишотӣ хоҳанд гуфт.
XS
SM
MD
LG