Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон комил нашудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соҳибназарони тоҷик бар ин боваранд, ки то ҳанӯз журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон комил нашудааст.

Ин назар рӯзи панҷшанбеи 25 июл дар ҳамоиши "Масоили танзими журналистикаи сиёсии Тоҷикистон мустақил" дар шаҳри Душанбе баён гардид. Ба бовари иштирокдорони ин ҳамоиш нақши журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз шеваи бархурди ҳукумат, ҷомеа ва муассисони расонаҳои ахбори ом вобаста аст. Ҳолат ва сифати ин омилҳо дар пояест, ки иҷозат намедиҳад, журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи кишварҳои аврупоиву амрикоӣ ташаккул ёбад.

Раҷаби Мирзо, журналист ва раҳбари Маркази иҷтимоии "Бозтоб" мегӯяд, ҳануз шакли асосии журниластикаи сиёсӣ вуҷуд надорад ва он аз нахустин рузи фаъолияташ бо фишорҳо рубаруст. Ҷаноби Мирзо меафзояд, журналистоне дар мавзуи сиёсат менависанд, ки номи раҳбари ҳизбро намедонанд ё тафовуте байни платфорамаи ҳизбҳои сиёсӣ гузошта наметавонанд. Ӯ мегуяд барои рушди журналистикаи сиёсӣ чанд замина лозим аст. «Дар бисёре аз факултаҳои журналисткаи кишвархои дунё алакай кафедраҳо тақсимбанди шуда ба шуъбаҳои журналистикаи сиёсӣ ҷудо карда шудааст, аммо дар Тоҷикиситон ин чиз нест. Аз ҷониби дигар дар журналистикаи тоҷик тақсимбандии мавзуъ вуҷуд надорад ва ба бахшҳо ҷудо кардани журналистон дида намешавад. Ин аст омилҳои асосии нокомил будани журналистикаи сиёсӣ вале метавон гуфт ки он дар ҳоли рушд аст».

Дар ҳамин ҳол Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, ки дар ин ҳамоиш суҳбат мекард, гуфт ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ ВАО-и худро надорад ва ин боиси он шудааст, ки расонаҳо аробаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро кашанд: «Имруз воқеъият ҳамин аст азбаски дигарҳо дуруст фаъолият намекунанд, матбуот ба ҷои онҳо фаъолият мекунад». Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик феълан аксари расонаҳо барои аҳзоби сиёсии кишвар кор мекунанд ва ҳамин аст ки журналистон ба ҳама мавзуъҳо даст мезананд.

Таҳлилгар Нуралии Давлат ва бархе аз дигар иштирокдорони ҳамоиш мегӯянд, ки расонаҳое, ки зиёдтар дар бораи масоили сиёсӣ менависанд, матбуотро бештар ба як манбаи тиҷорат табдил додаанд. Ин таҳлилгари тоҷик гуфт, «то соли 2005 дар кишвар ягон медиамагнат ҷуръат намекард гуяд, ки матбуот тиҷорат аст. Ҳоло шарм мекунанд, гуянд, ки матбуот тиҷорат асту манфиатҳои миллӣ дуюмдараҷа меистад».

Аммо профессор Иброҳим Усмонов иддао дорад, вақте, ки журналистика қудрати чорум аст ва худашро баробари се қудрати қонунӣ медонаду баъзан худашро аз онҳо болотар баровардан мехоҳад, худ сиёсатро ба вуҷуд меорад: “Журналистикаи имрӯзаи интернетӣ фикрро аз як хонаи майда ба тамоми дунё паҳн карда истодааст ин худ сиёсат аст. Журналистоне, ки адабиёт не, публисистика менависанд, онҳо сиёсатмадоранд. Аксарияти онҳое, ки ба ҳизбҳо меоянд аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ кор мекунад ва бисёри онҳое, ки ба сиёсат расидаанд, онҳо аз журналистика баромадаанд.”

Ҳамоиши мазкур ба ибтикори Бунёди Фридрих Эберт ва гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” доир мешавад. Дар ин ҳамоиш мақомоти давлатӣ, коршиносон, намояндагони порлумон ва хабарнигорони тоҷик ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG