Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

66 "наҳанг"-и рӯйхатшудаи иқтисоди Тоҷикистон ва ҷарима барои ... реклама


Ҳамдам Тағоймуродов

Ҳамдам Тағоймуродов

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 66 ширкати ҳукмфармо дар бозорҳои Тоҷикистонро рӯйхат кардааст.

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 25 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ "бар асоси таҳлили бозори молӣ ва ҳолат рақобат дар бозор" дар нимаи аввали соли равон боз 3 ширкат - "Идеал-Сервис" ва корхонаи асфалти Душанбе ва ширкати "Роҳи тоҷик"-и ноҳияи Ҳисорро ба рӯйхати корхонаҳои "ҳукмфармо" дар бозори истеҳсоли асфалт ворид кардааст.

То 1 июли соли 2013 "ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеъи ҳукмфармоиро доро мебошанд, 66 субъекти хоҷагидор дохил карда шудааст," - гуфта мешавад дар баёнияи матбуотии ин ниҳод.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҷумла мегӯяд, дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон 157 ширкат фаъолият доранд ва аз ин миён се ширкат - "Газпромнефт Тоҷикистон", "Аноҳита" ва "Нури Дилшод" мақоми ширкатҳои ҳукмфарморо доранд. Дар бозори мухобирот ба феҳрасти ширкатҳои ҳукмфармо 6 ширкат - "Вавилон Мобайл", "Вавилон Т", ТК Мобайл", "Индиго"(ҳоло - Тсеll), "ТТ Мобайл" ва "Таком" - шомил карда шудаанд.

"Ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои сифати "тӯҳфаи беҳтарин"

Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон дар пайи тафтиши телевизион ва радиоҳои давлатӣ муайян кардааст, ки бархе аз молу хадамоти бидуни ҳуҷҷати расмӣ таблиғ карда мешаванд.




Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 25 июл гуфт, ки шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон низ бидуни санади тасдиқкунандаи сифати маҳсулот, пайваста дар барномаҳои худ реклама мекунанд: «масалан ягон маводро чун моли ягона, беҳтарин ва ё олӣ гуфта реклама мекунанд. Ҳол он ки қонуни Тоҷикистон дар бораи реклама истифода бурдани чунин ибораҳоро манъ кардааст. Чунки ягон ширкати молистеҳсолкунанда исбот карда наметавонад, ки моли истеҳсолкардаи вай аз ҳама беҳтарин аст. Ҳар боре, ки истеҳсол карда мешавад, сифати он дар қиёс бо дигар маҳсулотҳо муайян карда мешавад.»

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як бозрасии бозори реклама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлатиро барои пахши рекламаҳои бидуни санади сифати мол ҷарима бастааст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ширкатҳо бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳаққ надоранд аз сифатҳои баланд истифода баранд. Барои мисол, Маркази савдои техника "Волна"-ро барои он ҷарима бастаанд, ки дар таблиғи мошинаи ҷомашӯӣ аз сифати "тӯҳфаи беҳтарин" кор бурдааст. Ба иддаои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ин мағғоза барои исботи ин ки маҳз ҳамин мошини ҷомашӯӣ "тӯҳфаи беҳтарин" аст, "ҳуҷҷати тасдиқкунанда" надошт.

Ҳамчунин Тағоймуродов гуфт, телевизионҳои Тоҷикистон вақтҳои охир бештар маводи доровурро тарғиб мекунанд ва хадамоти мазкур таноқузи он ба қонунҳои Тоҷикистон тафтиш хоҳад кард.

Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба сурати умум, «Ҷаҳоннамо», Шабакаи аввал, телевизиони "Сафина», радиои ҷумҳурӣ ва «Cадои Душанбе»-ро барои сарфи назар аз сифати маҳсулот реклама кардани маводи хӯрданӣ ва доруву даво ва рекламаи беасос ҳудуди 48 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ зимни баррасии тарҳи Қонуни телевизион ва радио дар парлумони Тоҷикистон низ баҳси гарме бархост ва вакилон бо норозигӣ аз фаъолияти шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон суолҳои зиёдеро дар миён гузоштанд.

Аз ҷумла, Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон аз пахши зиёди рекламаву таблиғоти тиҷоратӣ изҳори норизоият карда, аз ҷумла аз Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи телвизион ва радиои Тоҷикистонсуол карда буд, ки «чаро мардум ва аз ҷумла депутатҳо барои фаъолияти телевизион андоз месупоранд, аммо ҳар вақте ки телевизиони тоҷикро рӯшан кунӣ, фақат реклама ва рекламаи памперсро мебинӣ»?

Дар ҳамин ҳол, як масъули шӯъбаи тарғиботи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, аз ширкатҳое, ки хоҳони таблиғи маҳсулот ва хадамоташон ҳастанд, сертификати сифат ва дигар ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад: «Агар маҳсулоти хӯрока бошад, мо ҳуҷҷати «Тоҷикстандарт»-ро талаб мекунем. Агар маводи дорувор бошад, мо иҷозати вазорати тандурустиро талаб мекунем. Аммо дар мавриди он ки мо бояд кадом намуди маҳсулотро тарғиб кунем, маҳдудият вуҷуд надорад. Кадом ширкате, ки ба мо муроҷиат кунад, мо маҳсулоташро реклама мекунем.»

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандону коршиносон аз рекламаи дилбазану такрорӣ ва сифати пасти барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Созмони иҷтимоии “Хома” дар як пажӯҳиши бозори маҳсулоти телевизионии Тоҷикистон маълум кард, ки 68 дарсади аҳолӣ намоишҳои шабакаҳои дохилиро хуш надорад ва ба барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ҳоло дар Тоҷикистон чор шабакаи ҷумҳуриявӣ - Шабакаи аввал, телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» фаъолият мекунанд, ки ҳамагӣ давлатианд. Аммо Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон чандин дархост, аз ҷумла дархостҳои мукаррари ҳизби наҳзати исломӣ ва «Азия плюс»-ро барои дарёфти муҷаввиз барои ташкили шабакаи телевизионӣ рад кардааст .

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG