Пайвандҳои дастрасӣ

Ба шоҳзодаи навзод Ҷорҷ Александер Луи ном гузоштанд


Шоҳзодаи Бритониё Вилям ва хонумаш Кейт писари навзоди худро Ҷорҷ Александер Луи ном гузоштанд. Номи пурраи навзод чунин аст – Аълоҳазрат шоҳзода Ҷорҷи Кембриҷӣ.

Айни ҳол шоҳзода Вилям ва хонумаш дар манзили волидони Кейт дар Баклберӣ ба сар мебаранд. Рӯзи чаҳоршанбе маликаи Бритониё Елизаветаи дуюм дар кохи Кенсингтон аз аберааш дидан кард.

Шоҳзода Вилям ва хонумаш Кейт ҳамроҳ бо тифли навзод шоми сешанбе бемористони Сент-Марӣ дар ғарби Лондонро тарк намуданд. Ба иттилои расмӣ, фарзанди нави хонаводаи шоҳигарии Бритониё рӯзи душанбе соати 16:24 дақиқа ба дунё омадааст.
XS
SM
MD
LG