Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ истифодаи силоҳи кимиёвиро баррасӣ мекунанд


Намояндагони СММ ба хотири баррасии мавзӯи тафтиши истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар ҷанги шаҳрвандии Сурия шоми чаҳоршанбе вориди Димишқ шуданд.
Ҳукумати Сурия ба нозирони Созмони Милал иҷозаи сафар ба деҳаи Хон ал-Ассол, воқеъ дар канори Ҳалабро доданд, ки он ҷо моҳи март ошӯбгарон, ба иддаои Димишқ, силоҳи кимиёвиро истифода кардаанд. СММ умедвор аст, ки ҳамчунин барои сафар ба баъзе мавзеъҳои Ҳумс ва Димишқ ҳам иҷозаи ҳукуматро дарёфт намояд.

Аз ин пеш намояндагони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх изҳор намуданд, мақомоти Сурия дастрасӣ ба шаҳри Ҳумсро номумкин кардаанд, дар ҳоле, ки мардуми шаҳр шадидан ба маводи озуқаву дорувор ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG