Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ғофилгирона ба биноҳои амниятии Суккур


Дар шаҳри Суккур, воқеъ дар ҷануби Покистон, биноҳои дафтари хадамоти кашфи низомӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Муовини раиси полиси шаҳри Суккур гуфтааст, ки тақрибан 10 мусаллаҳ ба як бино ҳамла карда, чаҳор бомбро инфиҷор намуданд. Ҳанӯз теъдоди қурбониёни ин ҳамла маълум нест, аммо телевизиони давлатӣ хабар дод, ки дасти кам панҷ нафар кушта ва беш аз 30 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бар пояи хабарҳо, афроди мусаллаҳ як бинои ҳукуматиро таҳти назорат қарор дода, сӯи бинои дигар оташ кушоданд.

Шаҳри Суккур дар 500-километрии шимоли Қарочӣ ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG