Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Нурӣ: "Модарамро барои ман ба зиндон андохтанд"


Теҳрон фишор болои торнамои сӯфиҳо "Маҷзубони нур"-ро ҳарчӣ бештар мекунад

Торнамоҳои зиёде ба мақомоти эронӣ мақбул нестанд ва дастрасӣ ба онҳо, таври маъмул, бо баҳонаи нашри матолиби бадахлоқонаву латма задан ба манофеи миллӣ, қатъ ё маҳдуд мешавад. Аммо баъзе торнамоҳоро Теҳрон воқеъан чашми дидан надорад – мақомдорон барои бастани ин гуна сомонаҳо ва муҷозоти муассисону муаллифонашон талош мекунанд. Дар ин феҳрист пойгоҳи сӯфиҳо “Маҷзубони нур” (www.majzooban.org/fa/) низ ҳаст, ки дар бораи дарвешҳои ҷараёни Неъматуллои Гунободӣ дар Эрон ахбору матолиб нашр мекунад. Ҷараёни Гунободӣ, ки бузургтарин ҷамоати сӯфиҳои Эрон маҳсуб мешавад, солҳои ахир ҳарчӣ бештар таҳти фишори ҳукумат қарор мегирад. Рӯҳониёни муҳофизакор ин ҷараёни тасаввуфро “дигарандеш” мехонанд.

“Маҷзубони нур” аз фишору таъқиби дарвешҳо пайваста матолиб нашр карда, ба манбаи бебаҳои иттилоъ барои сӯфиҳо ва афроде, ки вазъи сангини онҳоро пайгирӣ мекунанд, табдил шудааст. Чанде қабл торнамо ҳама хашму ғазаби Теҳронро дар бадани худ эҳсос кард – мақомоти амниятӣ муассисони онро боздошт ва зиндонӣ карданд. Ҳафтаи гузашта бо ҳукми додгоҳ ҳафт корманди торнамо, аз ҷумла, сардабир ва аксбардор ба мӯҳлатҳои аз ҳафтуним то даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳоро дар аъмоли мухолифи амнияти миллӣ, пахши тарғиботи зидди низоми ҳукмрон ва таҳқири раҳбарони мазҳабии Эрон айбдор карданд, айбҳое, ки дар кишвар маъмулан алайҳи фаъолони сиёсӣ ва рӯшанфикрон эълон мешавад. Ба дарвешҳои маҳкумшуда узвият дар ҳама гуна гурӯҳҳову аҳзоб ва фаъолият дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, дар интернет дар панҷ соли оянда манъ карда шудааст. Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз соли 2011 дар робита ба ин торнамои интернетӣ тақрибан 20 нафар боздошт шудааст.

Мақомот ахиран фишор болои дабири “Маҷзубони нур” Фарҳоди Нуриро, ки ду сол пеш аз Эрон фирор карда буд ва ҳоло дар Туркия ба сар мебарад, тақвият бахшиданд. Фарҳоди Нурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран модараш Фарзона ба ду соли маҳбас ва се соли бадарға дар вилояти Хуҷистон маҳкум шуд. Додгоҳ хонум Фарзонаро дар ҳамкорӣ бо торнамо, яъне аъмоли хилофи амнияти миллӣ ва халалдор кардани низоми ҷамъиятӣ айбдор кард. Фарҳоди Нурӣ мегӯяд, “ман ва хонаводаам ин иттиҳомро комилан рад мекунем, чун модари маро моҳи сентябри соли 2011 фақат ба он хотир боздошт карданд, ки маъмурон думболи ман буданд. Модари ман иртиботе бо кори мо болои торнамо надошт, ӯ як дарвеш аст ва аммо бо кори мо дар расона ва дар бахши ҳуқуқи башар рабте надорад. Модарам то он замоне, ки ман аз Эрон мерафтам, ҳатто истифодаи компутарро балад набуд”.

Модари Фарҳоди Нурӣ соли 2011 се ҳафта дар маҳбас буд ва, бар пояи хабарҳо, маъмурон ӯро дар мавриди писараш ва торнамои сӯфиҳо пурсуҷӯ карда буданд. Он вақт хонум Фарзона бо пардохти гаравпулӣ озод шуда буд.

Фарҳоди Нурӣ ҳамчунин хабар дод, мақомоти эронӣ ба ӯ тавассути миёнаравҳо таҳдид намуданд, ки фаъолияти торнамо ва пахши иттилоъ дар бораи таъқиби сӯфиҳоро қатъ кунад. Ин гуна фишор, ба гуфтаи дабири торнамои сӯфиҳо, ӯро барои идомаи кораш ҳарчӣ бештар мутмаин месозад.
XS
SM
MD
LG