Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон истихроҷи тилло афзоиш ёфтааст


Дар давоми ним соли гузашта дар Тоҷикистон истихроҷи тилло ва нуқра афзоиш ёфтааст. Дар ин бора вазорати энергетика ва саноат дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ додааст.

Дар ин муддат истихроҷи тилло 993,89 кило ва нуқра 855,56 килоро ташкил додааст. Тилло нисбат ба соли гузашта бештар аз 134 кило ва нуқра 40 кило бештар истихроҷ шудааст.

Пештар Гул Шералӣ-вазири энергетика ва саноат хабар дода буд, ки дар давоми соли 2013 истихроҷи тилло ба 3 тон мерасад ва муассисаҳои нави тилло ба кор медароянд.
XS
SM
MD
LG