Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як табиби Қарияи боло бо гумони ришваситонӣ


Кормандони Оҷонсии зидди коррупсия сардори шӯъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия)-и калонсолони беморхонаи Қарияи болои Душанберо бо гумони ришваситонӣ боздошт кардаанд. Муҳаммадраҷаб Ҳанафӣ, сухангӯи Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 24 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи зудамали Оҷонсӣ Илҳом Носировро ҳафтаи гузашта дар кабинети кориаш бо ҷурми ришватситонӣ тибқи моддаи 319- банди 4-и Кодекси ҷиноӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Илҳом Носиров бо зердастонаш - ду ҳамшираи шафқати ин шӯъба - барои табобати Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гитарнавози гурӯҳи машҳури ҳунарии «Парем», ки 43 рӯз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт, бо ҳар баҳона аз падари ӯ 10 470 сомонӣ, муодили 2 200 доллар ришва гирифтаанд.
Аммо Ҳакимҷон Ҳазратқулов шифо наёфт ва рӯзи 29 апрел дар бемористон даргузашт.
«Падари Ҳакимҷон Ҳазратқулов пас аз марги писараш ба назди сардори шӯъбаи эҳёгарӣ омада хоҳиш кардааст, ки қисме аз маблағи додаашро ба ӯ баргардонанд ва кормандони Оҷонсӣ Носировро ҳангоми бозгардондани 2000 сомонӣ боздошт карданд,» - мегӯяд Муҳаммадраҷаби Ҳанафӣ.
Муродқул Ҳазратқулов, падари Ҳакимҷон гуфтааст, ки тайи ин 43 рӯзи табобати писараш 104 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.
Ҳаким Ҳазратқулов, гитарнавози ин гурӯҳ, моҳи март дар ҷараёни бозии футбол ба замин афтод ва косахонаи сараш сахт зарб хӯрд. Ӯро билофосила аз варзишгоҳ дар корпуси панҷуми бемористони ҷумҳуриявии Қарияи боло бурда, бистарӣ карданд, вале ӯ 29 апрел, баъди 43 рӯзи табобат даргузашт.
Ҳакимҷон Ҳазратқулов аз соли 1994 тайи қариб 20 сол дар гурӯҳи «Парем» ҳамчун гиторнавоз фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG