Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шимоли Ироқ 9 корманди пулисро ба қатл расонданд


Бино ба гузоришҳо, дар шимоли Ироқ тундравҳо 9 корманди пулисро ба қатл расондаанд. Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки тундравҳо дар маҳале бо номи Бошмоя дар наздикии шаҳри Мосул субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба маркази пулис ҳамла бурдаанд. Дар ин ҳамла, ки аз хумпораандоз ва мусалсал истифода шудааст, ду корманди дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд. Бемористон ин талафоти ҷониро таъйид кардааст.

Вале маълум нест, ки дар паси ин ҳамла чӣ неруҳо қарор доранд, дар ҳоле, ки мухолифатҳои мазҳабӣ миёни пайравони шиа ва суннӣ ташдид ёфтааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар давоми моҳи ҷорӣ 500 нафар кушта шудаанд ва июл маргбортарин моҳ дар соли ҷорӣ мебошад. Аз аввали сол то ҳол бештар аз 3 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG