Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд фардо доир мешавад


Мурофиаи додгоҳии маҳбусони зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев фардо баргузор мешавад.

Қарор буд мурофиаи додгоҳии ин ду нафар имрӯз, 24-уми июл баргузор мешуд, аммо ба сабаби бемории вакили дифои яке аз айдоршавандагон, ба рӯзи 25-уми июл вогузор шудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи феврали соли равон алайҳи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, барои "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор дониста, шуда парванда боз карда буд.

Ин парванда вақте боз шуд, ки як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд. Ин навор дар моҳи декабр ба расонаҳои ахбори ом дастрас гашт ва сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар ҳамин ҳол вакилони дифои Суннат Ризоев ва Садриддин Тошев ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ариза пешниҳод карданд, ки мурофиаи додгоҳии зерҳимояашон ба таври кушода ва дар бинои додгоҳ баргузор шавад. Абубакр Қулматов, яке аз вакилони мудофеи Сунатулло Ризоев 24 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар СИЗО-и маҳбаси Хуҷанд мегирад, аммо онҳо талаб кардаанд, ки ин мурофиа дар бинои худи Додгоҳи Хуҷанд ва ба таври кушода баргузор шавад.

Абубакр Қулматов афзуд, ки онҳо аксари расонаҳои хабарӣ, намояндагони радио ва телевизиони вилоятро даъват кардаанд, ки дар ҷараёни мурофиа ширкат кунанд: «Мо мехоҳем, ки воқеан ин мурофиа кушоду рӯшан сурат гирад то ин, ки назари айбдоршавандаҳо низ аз тариқи расонаҳо ба мардум расад.»

Аммо Додгоҳи шаҳри Хуҷанд то кунун ба ин дархости вакилони мудофеъ ва наздикони айбдоршавандаҳо посух надодааст.

Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябр даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот гуфтанд, ки ин зиндонӣ даст ба худкушӣ зад.

Наздикони Икромзода гуфтанд, ки зиндониҳои аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта дар асл шоҳидони лату кӯбҳои шадиди фарзандашон буданд. Зиндониҳо дар наворҳои видеоӣ нақл кардаанд, ки баробари ба Хуҷанд оварда шуданашон мавриди латукӯби шадиди масъулини маҳбаси Хуҷанд қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG