Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Алёхина-узви Pussy Riot-ро рад карданд


Мария Алёхина
Мария Алёхина
Додгоҳи Перм дархости Мария Алёхина-узви дастаи ҳунарии Pussy Riot-ро дар бораи раҳоии қабл аз вақт рад кард. Алёхина рӯзи чаҳоршанбе дар як навори видеоӣ ин дархостро матраҳ карда буд. Алёхина яке аз се узви гурӯҳи Pussy Riot аст, ки моҳи феврали соли 2012 барои таҳқири раиси ҷумҳур Владимир Путин дар калисо маҳкум ба зиндон шуданд.

Алёхина моҳи май низ чунин дархост дода буд, вале муваффақ нашуд. Екатерина Самутсевич-яке дигар аз аъзои ин гурӯҳи ҳунарӣ шартан аз зиндон раҳо шуд. Надежда Толоконникова-ҳунарманди севвум то ҳол дар зиндон аст.

Кишварҳои ғарбӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳукми ду соли зиндони ин се нафарро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG