Пайвандҳои дастрасӣ

Сеяки аҳолии Мӯъминобод аз тамошои ТВ маҳрум шуданд


Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсади аҳолӣ аз тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ маҳрум шудаанд.
Пирмад Зарифов, раиси ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи чоршанбеи 24 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ба сабаби хароб шудани ду антенна ё мавҷпаҳнкунаки телевизионӣ, беш аз 12 ҳазор аҳолии ду ҷамоати ноҳияи Мӯъминобод наметавонанд, барномаҳои шабакаҳои телевизионии давлатиро тамошо кунанд"

Вай сабаби аз кор мондани мавҷпаҳкунандагони барномаҳои телевизиониро ба гармои тобистон, ба хусус вазиши боди шадид дар ин ноҳияи баландкӯҳ вобаста донист ва гуфт, ҳар ду антенна сӯхтааст. Аммо раиси ноҳии Мӯъминобод мегӯяд, ҳукумати ноҳия дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумитаи радио ва телевизион талош хоҳанд кард, то дар муддати як моҳи оянда ин мавҷпаҳнкунандгонро таъмиру бозсозӣ кунанд. Маҳрумияти тамошои барномаҳои телевизионӣ барои сеяки сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминобод дар ҳолест, ки матбуоти даврӣ хеле дер ба ин мардум мерасад. Зимнан, ноҳияи кӯҳистони Мӯъминобод беш аз 50 ҳазор аҳолӣ дорад ва мардум ба бештар ба боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд.
XS
SM
MD
LG