Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи андоз 185 млн сомонӣ маблағҳои пинҳониро ошкор кард


Кумитаи андози Тоҷикистон эълом кард, ки дар нимаи нахусти соли ҷорӣ маблағи беш аз 185 миллион сомонӣ пинҳонкунии маблағҳои андоз аз сӯи андозсупорандагон ошкор шудааст. Ин матлабро Аюбҷон Солиев, муовини аввали кумитаи андоз рӯзи чорашанбеи 24 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён кард.Ҷаноби Солиев гуфт, ки "дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони макомоти андоз нисбати 4144 андозсупорандагон санҷиши риояи қонун гузаронида шуд, ки дар натича 185.7 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор шудааст".

Ба гуфтаи муовини аввали Кумитаи андоз, дар ин муддат аз ҷумлаи маблағҳои пинҳонкарда, 105, 1 миллион сомонӣ рӯёнида ва ба будҷа ворид карда шуд.
Зимнан, тибқи иттилои Кумитаи андоз, шумораи умумии андозсупорандагон дар қаламрави кишвар 7 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG