Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида масъулияти ҳамла дар Ироқро бар дӯш гирифт


Созмони Ал-Қоида масъулияти ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда ба ду зиндони Ироқро бар дӯш гирифтааст. Баъд ин ҳамлаҳо садҳо зиндонӣ ва аз ҷумла баъзе аз раҳбарони ҳамин гурӯҳ фирор кардаанд. Дар як баёнияе, ки дар Интернет нашр шуд, созмони Давлати Исломии Ироқ ва гурӯҳи Левант, шохаҳои баҳамомадаи Ал-Қоида дар Ироқ ва Сурия гуфтаанд, ки барои ин ҳамла моҳҳо омодагӣ гирифтаанд. Бомбгузорони маргталаб ва афроди то дандон мусаллаҳ шаби якшанбе ба зиндоне дар шаҳри Тоҷӣ дар шимоли Бағдод ва ба зиндони бадномшудаи Абуғрайб дар ғарби ҳамин шаҳр ҳамла бурданд ва ин ҳамла то субҳи душанбе идома кардааст. Дар ин ҳамла дасти кам 25 маъмури амниятӣ кушта шудаанд ва ба гуфтаи вакилони мардумии Ироқ 500 маҳбус фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG