Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои "гӯшношунид" дар шифохонаи Молдова


Табибони як бемористони давлатӣ дар Ҷумҳурии Молдова зоҳиран барои ҷарроҳӣ аз анбӯр ва дигар асбобҳои маъмулӣ истифода кардаанд. Дар видеое, ки расонаҳои маҳаллӣ дар торнамои Ю Тюб гузоштаанд, ошкор дида мешавад, ки табибон дар шифохонаи кӯдаконаи шаҳри Кишинёв ҳангоми ҷарроҳии беморе абзори маъмулии сӯрохкунӣ ва анбӯри оддиро ба кор мебаранд. Андрей Усати, вазири беҳдошти Молдова гуфтааст, ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо абзори маъмулӣ барои ҷарроҳӣ истифода мешавад, аммо шифохонаи кӯдакона абзорҳои тиббии лозимӣ барои ҷарроҳиро доштааст. Нахуствазири Молдова амр додааст, ки ин ҳодисаро таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG