Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ворисони шоҳи Бритониё шифохонаро тарк карданд


Шоҳзодаи Бритониё Вилям ва ҳамсараш Кейт бо писари навзодашон шифохонаро тарк карданд. Ҷуфти салтанатӣ фарзандашонро ба гурӯҳи хабарнигорони ҷамъшуда дар назди зойишгоҳи шаҳри Лондон нишон доданд. Вориси саввуми тахти шоҳи Бритониё рӯзи душанбе ба дунё омад. Вилям ва Кейт гуфтаанд, ки ҳанӯз дар ҷустуҷӯи номи муносиб барои фарзадашон ҳастанд. Шоҳи Бритониё, раҳбари ин кишвар ва ҳамчунин раҳбари 15 кишвари дигар аз ҷумла Австралия, Канада ва Зеландияи Нав маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG