Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" худро масъули ҳамла ба зиндонҳои Ироқ номид


Кофтукоби маҳбусони фироркарда идома дорад
Кофтукоби маҳбусони фироркарда идома дорад
Шабакаи “Ал-Қоида” масъулияти ҳамлаи ҳамоҳангшуда ба ду зиндони Ироқ, аз ҷумла, зиндони маъруфи Абу-Ғурайбро бар дӯш гирифт. Бар асари ин ҳамла, ки нимашаби якшанбе шурӯъ шуд ва то субҳ идома дошт, садҳо маҳбусон, аз ҷумла, фармондеҳони аршад гурӯҳҳои ошубгар фирор карданд.

Дар изҳороте, ки рӯзи сешанбе, 23 июл аз сӯи созмони мавсуф ба “Давлати исломии Ироқ ва Левант”, гурӯҳи марбут ба бахшҳои “Ал-Қоида” дар Ироқ ва Сурия нашршуда омадааст, ки ин амалиёт баъд аз чанд моҳи омодагӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамлаҳо ба зиндони Абу-Ғурайб ва зиндони воқеъ дар шаҳри Тоҷӣ дасти кам 25 тан аз кормандони хадамоти амниятии Ироқ ҷон бохтанд. Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки теъдоди маҳбусони аз ин ду маҳбас фироркарда тақрибан 500 нафар аст.
XS
SM
MD
LG