Пайвандҳои дастрасӣ

Вилоят Мирзоева


Вилоят Мирзоева 1 июни соли 1952 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаи рақами 50-и шаҳри Душанбе ва соли 1973 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди ду даҳаи кор дар соҳаи маориф, соли 1995 раҳбари дафтари созмони «Зан дар тараққиёт» интихоб шуд. Ҳоло ӯ ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бахши занон дар Тоҷикистон аст. Номзади илми таърих. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи таърихи рушди ҳаракатҳои занон дар замони истиқлол дифоъ кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд ва 4 набера.
XS
SM
MD
LG