Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сохтмони роҳи оҳани Ангрен - Поп ва поёни вобастагии Тошканд аз Тоҷикистон


Вокзали роҳи оҳани Тошканд

Вокзали роҳи оҳани Тошканд

Узбакистон ба сохтани роҳи оҳани барқии Андиҷон - Поп шурӯъ кардааст, ки водии Фарғонаро бо боқӣ манотиқи Узбакистон бидуни убури Тоҷикистон хоҳад пайваст.

Дар бораи шурӯъи сохтмони роҳи оҳани Андиҷон – Поп сомонаи 12news.uz, як пойгоҳи интернетии наздик ба мақомоти Узбакистон бо такя ба як санади муштараки вазорати иқтисод ва Кумитаи омори он кишвар хабар додааст.

Ҷузъиёти ин тарҳи роҳи оҳан оварда нашудааст, вале бино ба маълумоти дарёфтӣ, тӯли ин роҳи 125 километр буда, он низ тавассути ағбаи аз сатҳи баҳр 2 200 метр баланди Қамчиқ, қад-қади марзи Узбакистону Тоҷикистон кашида хоҳад шуд. Панҷ сол пеш Узбакистон тавассути Қамчиқ як роҳи мошингард ҳам сохт, ки танҳо роҳи иртибототи заминӣ байни Тошканд ва водии Фарғона ба ҳисоб меравад.

То бунёди он роҳ Узбакистон маҷбур буд интиқоли молу коло ва мусофирон ба се вилояти водии Фарғона дар шарқи он кишварро тавассути қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон анҷом диҳад. Барои убури танҳо қаторҳои роҳи оҳанаш Тошканд то тақрибан 10 соли пеш ба Тоҷикистон солона 15 миллион доллар пардохт мекард. Душанбе он замон дар ивази ин маблағ аз ҳамсояаш газу барқ, маҳсулоти нафтӣ ва миқдоре семент мегирифт.

Ва акнун бо сохта шудани роҳи оҳани Ангрен –Поп вобастагии Узбакистон аз зарурати убури тавассути қаламрави Тоҷикистон дар роҳи иртибот бо водии Фарғона комилан аз байн мебарад.

Бори аввал хабари нақшаи бунёди чунин роҳро, ки ҳазинааш то 2 миллиард доллар гуфта мешавад, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 26 апрел дар иҷлосияи ғайринавбатии кенгаш ё маҷлиси вакилони вилояти Андиҷон эълон кард. Ислом Каримов хитоб ба вакилон гуфт: “Дар водии Фарғона беш аз 10 миллион нафар ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо наметавонем ба мушкили набуди иртибот аз тариқи роҳи оҳан бо ин минтақа чашм бипӯшем. Ин масъала дар тӯли ду соли оянда ҳалл хоҳад шуд. Сохтмони ин роҳи оҳан дар соли 2016 ба поён мерасад ва мо имкони сафар ба Андиҷон тавассути қатори роҳи оҳанро пайдо хоҳем кард.”


Вокзали роҳи оҳани Андиҷон

Вокзали роҳи оҳани Андиҷон

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, бунёди роҳи оҳани Андиҷон – Поп бунёди шабакаи ба ҳам пацвастаи роҳҳои оҳане ки тамоми вилоятҳои Узбакистонро ба ҳам мепайванданд, такмил хоҳад шуд. Дар Тошканд умедворанд, ки бо иҷрои тарҳи пурсарусадои сохтмони роҳи оҳане, ки Узбакистонро аз як сӯ бо Чин ва аз сӯи дигар бо Аврупо мепайвандад, зарфиятҳои транзитии ин кишвари Осиёи Марказӣ боз ҳам хоҳад афзуд. Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳояш аз ин тарҳ берун монд ва ин роҳи оҳани пуриддао бидуни убур аз ҳудуди Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Узбакистон тақрибан 5 сол боз барои интиқоли молу коло ба водии Фарғона аз роҳи мошингард тавассути ағбаи Қамчиқ истифода мекунад. Харҷи ин роҳ назар ба роҳи оҳане ки аз ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон мегузарад, бамаротиб зиёдтар баровард мешавад, вале дар Тошканд ба мин ниёни молӣ тарҷеҳ медиҳанд, то ба бори миннати вобастагӣ аз Тоҷикистон.

Талоши навбатии Узбакистон барои тақрибан сифр кардани вобастагиаш аз имконоти иртибототиву нақлиётии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин ду кишвар чандин сол боз дар бахши нақлиёт ва транзит , чун дар аксари соҳоти дигари иқтисодиву тиҷорӣ, равобити пуртанишеро таҷриба мекунанд.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар як нишасти хабариаш гуфт, ин ширкат тайи як солу ҳашт моҳе ки аз замони кандани қитъаи роҳи оҳани байни Амӯзанги Узбакистон ва марзи вилояти Хатлони Тоҷикистон мегузарад, 65 миллион доллар хисорот дидааст.
Узбакистон дар моҳи ноябри соли 2011 ин танҳо роҳи оҳан ба ҷануби Тоҷикистонро ба далели сӯдовар набуданаш барчид.

Аммо Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ гуфтааст, ки пушти ин иқдом ҳадафҳоир сиёсӣ истодаанд, на мулоҳизоти иқтисодӣ, балки баръакс, ба гуфтаи ӯ, Узбакистон метавонист дар сурати ҳифзи ин роҳи оҳан то 100 миллион доллар фоидаи изофӣ ба даст биорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG