Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Маскав дар интихоботи президентии Тоҷикистон


Дар пасманзари муносибатҳои норӯшани ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, сарони ҳизбҳои мухолиф ҳарчӣ бештар ба Маскав сафар мекунанд.

Маскав мумкин аст, дар ду моҳи оянда мавзеъгирияшро нисбат ба интихоботи президентии Тоҷикистон рӯшан кунад. Як манбаи наздик ба ҳукумати Русия мегӯяд, нахустин паёми Кремл дар ин бобат интихоби сафири нави он дар Тоҷикистон хоҳад буд. Интизор меравад, рӯзҳои наздик номи ин сафир маълум гардад. Собиқаи ӯ ба ояндаи муносибатҳои байни ду кишвар ишора хоҳад кард, ки алҳол содаву рушан нестанд.

Дар ин пасманзар сафарҳои раҳбарони ҳизбҳо ва чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба Маскав маънои рамзӣ касб мекунанд. Бархе аз нозирон ин сафарҳоро ба ҳаракати мокувори сиёсатмадорони Қирғизистон дар арафаи интихоботи президентии соли 2011-и ин кишвар монанд мекунанд. Аксари 16 номзад ҳар яке ба Маскав мерафт, то садоқати худро ба манфиатҳои Кремл нишон диҳад.

Иттифоқан ба чунин саволе дар бораи манфиатҳо дар конфаронси Маскав дар аввалҳои моҳи июл, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ посух дод, ки “манфиатҳои ҳеҷ давлатеро ҳимоят нахоҳад кард, балки манфиати мардуми Тоҷикистонро, вале манофеи коршариконро низ дар назар” хоҳад дошт.

Ба ақидаи ширкаткунандаи ин ҳамоиш Аркадий Дубнов, Кабирӣ паёми рӯшан дод, ки ҲНИТ ба хотири пешгирӣ аз тақсимшавии ҷомеа номзади худро пешбарӣ нахоҳад кард ва бар пояи барномааш мумкин аст аз номзадии Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр пуштибонӣ кунад. Вале Ҳайдар Ҷамол, муассис ва раҳбари Кумитаи Исломии Русия гуфтааст, бо вуҷуди ин, мақсад аз ширкати Кабирӣ дар ҳамоиш “аломат додан ба Кремл” ва ҳамзамон санҷиши назари коршиносони рус буд.

Сафари раиси Ҳизби Умумимиллии Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Русия низ гуфтугӯҳоеро ба миён овард, ки гӯё вай бо бархе аз мақомот, аз ҷумла раиси Думаи давлатии Русия, Сергей Наришкин мулоқот кардааст. Худи Зойиров ин хабарро расман рад кард. Ин дар ҳолест, ки Зойиров мехоҳад, ба ҳайси номзади ягонаи нерӯҳои демкоратӣ дар интихобот ширкат кунад.

Номуайянии нигоҳи Маскав ба интихоботи Тоҷикистонро таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло низ мушоҳида кардааст ва мегӯяд, Кремл зоҳиран сари тарозуест, ки “ин ё он қарори эҳтимолии он чӣ пайомадҳои имконпазир” хоҳад дошт.

Ҳарчанд коршиноси дигар, Марат Мамадшоев, ин ҳолатро “сукуте дар интизории чеҳраи бонуфуз ва нерӯманд” медонад, таҳлилгари маскавӣ, Аркадий Дубнов мегӯяд, чунин чеҳрае то ҳол пайдо нашуда, гумон аст, ки пайдо шавад ва дар ниҳояти амр Кремл аз нав ба “шахси санҷидашудаи худ” Эмомалӣ Раҳмон такия хоҳад зад.

Бо вуҷуди ақидаҳои гуногун, ҳамаи ҳамсуҳбатони мо қабул доранд, ки интихоботи президентии Тоҷикистон ба интихоботҳои гузашта монанд нахоҳад буд. Боз ҳам муносибатҳои Душанбе ва Маскав яке аз омилҳои асосии ин ҳолат номида мешаванд. Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, агар манзур, масъалаи пойгоҳи 201-и Русия аст, Тоҷикистон мавзеъгирии худро ба таври рӯшан баён доштааст, ки масъала ҳалли худро ёфтааст ва қарордод дар порлумон ба тасвиб хоҳад расид. Ба ақидаи ин коршинос таъхири нисбӣ аз он ҷо бармеояд, ки Тоҷикистон мехоҳад, Маскав уҳдадориҳои дигари худро иҷро кунад.

Коршиноси маскавӣ Аркадий Дубнов бовар дорад, ки дар арафаи маъракаи интихоботии Тоҷикистон Маскав паёми ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонро медиҳад ва тақрибан ҳамзамон Раҳмон ба тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 дар порлумон дастур ва яке бо дили пур вориди сабқат мешаваду то соли 2020 президент мемонад, дигаре заминаи ҳуқуқӣ меёбад, ки калонтарин пойгоҳи ҳарбияш дар ҷаҳон то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ монад. “Агар иттифоқе рӯй надиҳад,” – хулоса мекунад Дубнов.
XS
SM
MD
LG