Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Вардак, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари таркиши минаи рӯираҳӣ се сарбози НАТО ба ҳалокат расиданд. Низомиёни НАТО дар бораи ҳуввияти кушташудагон ва ҷойи ҳодиса иттилоъ надоданд.

Вале мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки таркиш дар роҳи корвони мошинҳои низомӣ дар минтақаи Сайидободи Вардак ба вуқӯъ пайваст ва.дар ин ҳодиса як тарҷумони афғон ҳам ҷон бохта, чаҳор сарбози афғон маҷрӯҳ шудаанд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ин гуна таркишҳоро, таври маъмул, толибон анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG