Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Попи Рум Франсиск ба Бразилия шурӯъ шуд


Дар шаҳри Рио-де-Жанейро аз Попи Рум Франсиск ҳазорон пайравони дини католикӣ ва раисиҷумҳури Бразилия Дилма Русефф истиқбол карданд. Қарор аст, ки Попи Рум дар чанд чорабинӣ, аз ҷумла, дар Рӯзи ҷаҳонии ҷавонони католик, ҳузур дошта бошад. Қарор аст, ки барои ширкат дар ин ҳамоиш тақрибан се миллион ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни олам вориди Бразилия шаванд.

Шурӯи сафари ҳафтрӯзаи Попи Рум ба Бразилия, ки дар он ҷо бузургтарин ҷомеъаи католикҳои олам ба сар мебарад, боиси эътирозҳои зидиҳукуматӣ гардид. Дар бархӯрди эътирозгарон ва полис чанд нафар, аз ҷумла, аксбардори хабаргузории Франс-пресс маҷрӯҳ шуданд.

Франсиски 76-сола аввалин рӯҳонӣ аз Амрикои Лотин аст, ки дар мақоми Попи Рум интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG