Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлия: Дар Хоруғ аз ду тараф 41 нафар кушта шуда буд


Рустам Менглиев (Акс аз бойгонӣ)
Рустам Менглиев (Акс аз бойгонӣ)

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, асноди таъйидкунандаи теъдоди ҳалокшудаҳо дар идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ вуҷуд дорад.

Рустам Менглиев мегӯяд, иттилоъе, ки додситонӣ дар ин бора ироа кардааст, яъне ҳалокати 23 низомӣ ва 18 мулкӣ дар ҳодисаҳои Хоруғ, дуруст аст ва маълумоти вазорати адлия низ бо арқоми додситонӣ мувофиқ аст, ки дар нооромиҳоияк сол пеши Хоруғ аз ҳарду тараф 41 нафар ҷон бохтаанд.

Рустам Менглиев рӯзи 23 июл дар нишасти матбуотии вазораташ гуфт, "мавзӯъи кушташудагони ҳодисаҳои Хоруғ дар нишасти Женева аз сӯи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ низ матраҳ шуд ва онҳо иддао карданд, ки гӯё дар ин амалиёт беш аз 100 нафар кушта шуда бошад. Аммо ин нодуруст аст." Ба таъкиди ҷаноби Менглиев, "тибқи маълумоти идораи ЗАГС ё сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Бадахшон, то кунун 18 нафар шаҳодатнома ё хатти вафот гирифтаанд ва аз инҳо 17 нафар аз захми тир ва 1 нафар аз сактаи дил даргузаштаанд." Аммо оқои Менглиев нагуфт, ки чанд тан аз ин кушташудаҳо марбут ба гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ва чанд нафараш аз аҳолии осоишта буданд.

Аммо Рустам Менглиев ҳамчунин гуфт, тафтиши ҳодисаҳои Хоруғ ҳанӯз идома дорад.


Тамдиди пойгоҳи низомии Русия барои 29 сол

Вазири адлияи Тоҷикистон сабаби то соли 2042 тамдид шудани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба заминаҳои фаннӣ марбут донист.

Рустам Менглиев, ки масъулияти раҳбарии коммиссияи таҳияи созишномаи низомӣ бо Русияро бар дӯш дошт, дар нишасти хабарии рӯзи 23 июлаш гуфт, "барои он ин мӯҳлат дар назар гирифта шуд, ки ҷониби Русия заминаҳои фаннии ҳузури ин пойгоҳро далел пеш оварданд."

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, русҳо гуфтаанд, ки барои таҳияи инфраструктура ё зербинои пойгоҳ чандин сол лозим аст ва ин амр сабаб шуд, ки созишнома то ҳоли 2042 тамдид карда шавад.

Аммо Рустам Менглиев дар посух ба ин суол ки "чаро то ҳол ин созишнома дар парлумони Тоҷикистон тасвиб нашудааст?" гуфт, ин салоҳияти ӯ нест.

Парвандаи Ризоев ва Тошев

Вазири адлия гуфт. ки парвандаи ҷиноӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Савриддин Тошев дар робита ба сохтакорӣ ва он ҳам аз суӯи додситонии вилояти Суғд боз шуда ва тафтишот ҳоло ҷарёан дорад.

Рустам Менглиев гуфт, ки ин парванда ҳеҷ рабте ба буду боши ин маҳбусон дар зиндони Душанбе надорад. Чун онҳо аз Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфта ва дар он ҷо ба ҷиноят муртакиб шудаанд.

Даъвати ҷавонони синни мактабӣ ба артиш

Ба иттилоъи вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар робита ба ду мавриди ба артиш сафарбар шудани хонандагони макотиби миёна санҷиши додситонӣ идома дорад.

Нақзи қонун аз сӯи созмонҳои иҷтимоӣ

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, то кунун 2691 созмони ҷамъиятӣ дар ин вазорат сабти ном шудаанд, ки ниме аз ин созмонҳо дар соли ҷорӣ ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Б гуфтаи вазири адлия, бар асоси қонун, созмонҳои иҷтимоӣ бояд ҳар сол то 1 апрел ба вазорат маълумотнома пешниҳод кунанд, аммо то кунун танҳо 1 241 созмон маълумотнома ироа карда ва бақия ин муқарраротро поймол кардаанд.

Ба ин далел Рустам Менглиев гуфт, ки "вазорат маҷбур аст, ки нисбати фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ санҷиш гузаронад ва мо то имрӯз фаъолияти 72 созмони ҷамъиятиро санҷидем."


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG