Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ: "Ба маблағи муҳоҷирон либоси сиёсӣ мепӯшонанд"


Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ дар нишасти хабарии худ аз шарҳи ҳаҷми маблағи ворида аз ҳисоби муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кард.

Раиси Бонки миллӣ дар нишасти хабарии худ дар робита ба суоли хабарнигорон оид ба ҳаҷми маблағи муҳоҷирон дар 6 моҳи ахир аз гуфтани ин рақам худдорӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ. бархе расонаҳо дар кишвар пули муҳоҷиронро тобиши сиёсӣ медиҳанд. Вай гуфт, тамоми маблағе ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, бо танҳо пули муҳоҷирин донистан нодуруст аст.

Ба қавли вай, 30-35 дарсади ҳаҷми умуми маблағе, ки ҳар сол аз Русия ворид мешавад, маблағи тоҷироне мебошад, ки ба Русия меваи хушк ва маҳсулоти дигар мебаранд ва аз тариқи бонкҳои Русия пули худро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Бино ба иттилоъи мақомоти Русия, 3,3 миллион, ё сеяки атбои хориҷӣ, аз ҷумла 400 000 нафар ё 40 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо нақзи шароити кору иқомат ба сар мебаранд. Бар пояи маълумоти Бонки марказии Русия, дар бобати интиқоли маблағ аз Русия дар соли 2012, миёни кишварҳои ИДМ Узбакистон дар ҷои аввал қарор дошта, аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 5 миллиарду 693 миллион доллар вориди ин кишвар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар гуфта буд, ки дар соли 2012 муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи бонкҳо 3,8 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд. Соли 2011 интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 миллиард долларро ташкил медод.

Маблағи мазкур нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад ва дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бино ба пажӯҳиши ахири Маркази мутолиоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор хонаводаро фаро гирифтааст, 90 дарсад гуфтаанд, муҳоҷират мӯҷиби аслии болоравии сатҳи зиндагонии хонаводаҳои онҳо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG