Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол дар Хатлон 14 зан сари фарзанд рафтаанд


Тибқи иттилои масъулони беҳдоштии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 14 зан ба ҳангоми таваллуд фавтидаанд. Масъулони идораи тандурустии вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи 23 июл гуфтанд, ки "мавориди ҳалокати занон ба ҳангоми таваллуди ва ҳамчунин бачапартоӣ мояи нигаронии амиқи онҳост. Зеро ба иттилои ин идора, дар соли ҷорӣ танҳо дар ноҳияи Вахш 19 мавриди исқоти ҳамл ба мушоҳида расидааст.

Норасоии кадрҳои пизишкӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа аз сабабҳои ин тамоюл унвон мешавад. Аммо ахиран раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, сармуҳаррири нашрияи "Симои Данғара" -ро омили афзоиши бачапартоӣ дар ин ноҳия донист ва аз додситон хост, ки алайҳи вай парванда боз кунад.

Маҳмадулло Саидалиев, рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотиаш сабаби ин амрашро ба он рабт дод, ки "пеш аз моҳи Рамазон Гурез Ҳасанов бо нашри матлабе дар нашрияи "Симои Данғара" гирифтани рӯза барои занони ҳомиларо ташвиқ кардааст ва ин амр боиси афзоиши мавориди бачапартоии занон дар ноҳия шудааст."

Ӯ инчунин бо хитоб ба аҳли толор гуфт: “Ба прокуратура аз болояш шикоят нависед. Рафта як се сол хизмат кунад. Як чизе нависед, ки ба ҷомеа фоида расонад. Ин ҳолатро, ки одамҳои фишордошта фавтиданд ва занҳои ҳомила кӯдак партофтаанд, ҷавобашро кӣ медиҳад? Инҳоро бояд ту ҷавоб диҳӣ. ”

Ба таъкиди раиси ноҳия, аз аввали моҳи Рамазон, яъне муддати як ҳафтаи ахир дар ноҳияи Данғара беш аз 10 мавриди бачапартоии занони ҳомила сабт шудааст, ки бештарашон, ба гуфтаи ӯ, бо ташвиқи нашрияи “Симои Данғара” рӯза доштаанд.

Аммо Гурез Ҳасанов, сардабири нашрияи ноҳиявии "Симои Данғара" мегӯяд, "дар ин матлаб, ки дар сӯҳбат бо пизишк Маҳмадраҳим Шарифов таҳия шудааст, ташвиқи рӯзагирии занони ҳомила вуҷуд надорад, балки дар ин матлаб омада буд, ки "ҳар нафари бемор аввал аз ташхис гузарад ва баъдан дар ҷиҳати гирифтани рӯза тасмим бигирад."

Ин аввалин мавридест, ки раиси як ноҳия дар нишасти матбуотии худ дастур медиҳад, ки нисбати сардабири нашрия ноҳиявӣ, ки зердасташ аст, парванда боз шавад.

Нашрияи “Симои Данғара”, нашрияи ҳукумати ноҳияи Данғара буда, бо маблағгузории ҳукумат дар як моҳ ду маротиба нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG