Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷамшед" ва чиниҳо кони тиллои Шӯроободро фаъол карданд


Ахиран дар мавзеи Давлатободи ноҳияи Шӯрообод дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, кони тиллои "Навобод" фаъол шудааст. Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод рӯзи 23-юми июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "ин кон аз сӯи ширкати тоҷикии "Ҷамшед" ва бо ҷалби мутахассисони чинӣ оғоз ба кор кард".

Ба гуфтаи ҷаноби Икромов, захираи муқаддамотии тилло дар кони "Навобод" беш аз 100 килограмро ташкил медиҳад. Раиси ноҳияи Шӯрообод таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар кони тиллои Навобод беш аз 20 нафар кор мекунанд, ки интизор меравад, дар оянда теъдоди онҳо афзояд. Дар ду соли охир ин чорумин кони тиллост, ки дар қаламрави ноҳияи Шӯрообод роҳандозӣ шудааст.

Зимнан, кони тиллои Навобод дар авоили даҳаи 1990 тавассути яке аз ширкатҳои бритониёӣ мавриди омӯзишу коркарди тилло қарор гирифта буд. Аммо бо шурӯи ҷанги дохилӣ мутахассисони бритониёӣ ин маконро тарк карданд. Ҳамзамон дар чанд соли охир теъдоде аз шаҳрвандаони Афғонистон ба таври пинҳонӣ дар ин кон тиллошӯӣ мекарданд.

Шӯрообод аз ноҳияҳои марзии Тоҷикистон аст, ки бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад ва кони тиллои Навобод низ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст. Нозирони умур фаъол шудани конҳои истихроҷи тилло дар қаламрави ноҳияи Шӯроободро нишонаи таҳкими суботу оромӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон медонанд.
XS
SM
MD
LG