Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли хоҳар ба дасти бародар дар Кӯлоб


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Маъмурони пулис як сокини 24-солаи шаҳри Кӯлобро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳараш боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки сокини 24-солаи ин шаҳр Хисрав Сабзаев, хоҳараш Парвина Сабзаеваи 19-соларо ба қатл расонидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, гумонбаршуда Хисрав Сабзаев рӯзи рӯзи 20-уми июл соли ҷорӣ хоҳарашро ба дохили сангоби дарёи Ёқсуи ҷамоати деҳоти Кӯлоб бурда, ӯро бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст.

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷасади Парвина Сабзаева рӯзи 21-уми июл ба дунболи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ аз сангоби дарёи Ёқсуи ҷамоати Кӯлоб пайдо шуд ва бародари ӯ низ дастгир шуда ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки бародар хоҳарашро «аз рӯи хусумат» ба қатл расонидааст ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад.

Ҳодисаи қатли як хоҳар аз сӯи бародар дар Тоҷикистон барои бори аввал нест. Дар авоили соли ҷорӣ як сокини 22-солаи Кӯлоб Мизробҷони Музаффар, хоҳараш Мизробова Озодамоҳ Музаффаровнаи 17-соларо, ба қатл расонида буд. Моҳи августи соли гузашта бошад як сокини шаҳри Турсунзода хоҳарашро барои барои амалҳои фоҳишагӣ, ба қатл расонида буд.

Куштор дар Тоҷикистон ҳукми сангинро дар пай дорад.Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG