Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ҷиноҳи низомии Ҳизбуллоҳро созмони террористӣ эълон кард


Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиноҳи низомии Ҳизбуллоҳ ё гурӯҳи шиаёни Лубнонро ба феҳристи созмонҳои террористӣ дохил кунанд.

Рӯзи душанбе вазирони корҳои хориҷаи 28 кишвари узв дар ҷаласаи худ дар Бруссел ба иттифоқи оро дар ин бора тасмим гирифтанд.

Дохил кардани ин гурӯҳ ба феҳристи созмонҳои террористӣ ба ин маъно хоҳад буд, ки ба баъзе шахсон ба ин кишварҳо виза ё раводид содир намекунанд ва дороии созмонҳо ва ононе, ки бо ин гурӯҳ иртиботу ҳамкорӣ доранд, барои истифода мамнуъ эълон хоҳад шуд.

Ҷиноҳи мусаллаҳи Ҳизбуллоҳ, ки бо Эрон робитаи наздик дорад, дар бамгузории соли гузашта дар сафоратхонаи Исроил дар Булғористон муқассир дониста мешавад, дар кишваре, ки узви Иттиҳодияи Аврупо мебошад.

Гуйдо Вестервелле

Гуйдо Вестервелле

Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон дар Бруссел дар нишасти хабарие гуфт, тасмими ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ворид кардан ба ин маъност, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳар гуна амали террористӣ дар хоки худро таҳаммул нахоҳад кард:

“Ман аз тасмими имрӯза, ки мо як ҷо барои мубориза бар зидди терроризм гирифтем, истиқбол мекунам. Мо ҷиноҳи низомии Ҳизбуллоҳро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дохил кардем. Фаъолиятҳои террористӣ дар дохили Иттиҳодияи Аврупо ғайриқобили қабул аст ва ба чунин аъмол қотеъона, бидуни тардид ва пеш аз ҳама аз номи Аврупо ҷавоб хоҳем дод”.

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ гуфт, ки ин тасмим ба ҳар ҳол ишорае ба Лубнон аст:

“Ман фикр мекунам, ки ин албатта қисман ишораи сиёсист, вале қисман ишораи воқеӣ низ ҳаст, ки мо намехоҳем терроризмро дар ҳар шакл ё маънӣ бубинем”.

Кохи Сафеди Вашингтон мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо ба тундравҳои Ҳизбуллоҳ паёми ҷиддӣ фиристод ва ин тундӯравҳо наметавонанд бидуни кайфар фаъолият кунанд. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз ҳукуматҳои кишварҳои дигар хост, ки онҳо низ ба пайравӣ аз Иттиҳодияи Аврупо чунин тасмим бигиранд ва Ҳизбуллоҳро дар феҳристи созмонҳои террористӣ ҷой диҳанд.

Вақтҳои ахир Ҳизбуллоҳ аз ҷониби нируҳои президент Башор Асад дар муноқишаҳои Сурия ширкат мекунад. Пештар баъзе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба чунин тасмим мухолиф буданд ва далел меоварданд, ки чунин тасмим вазъро дар Лубнон ноором мекунад ва ташаннуҷ дар Ховари Миёна бештар мешавад.

Тсипи Ливни

Тсипи Ливни

Вале Исроил, ки тобистони соли 2006 як моҳи тамом бо Ҳизбуллоҳ меҷангид аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард. Тсипӣ Ливнӣ-вазири адлияи Исроил тасмими ин иттиҳодияро хеле муҳим хонд:

“Мо бовар дорем, ки ворид кардани Ҳибзуллоҳ ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ иқдоми хеле муҳим аст. Ҳизбуллоҳ созмони террористист, вале як нукта муҳим аст ва воқеанигорон дар минтақа бояд дарк кунанд, ки маҳофили байналмиллалӣ Ҳизбуллоҳро чун ҳизби сиёсӣ қабул надоранд, яъне онҳоеро, ки талош мекунанд ба рӯи худ ниқоби ҳизби сиёсиро бизананд. Ин талошҳо натиҷа надод ва ман аз ин хушҳолам. Ман аз ин тасмим хушҳолам, он хеле муҳим аст”.

Аммо Алвалид Шуккария-узви порламони Лубнон аз Ҳизбуллоҳ тасмими Иттиҳодияи Аврупоро қабул надорад ва мегӯяд, ки ин тасмим Аврупоро бо ҳизб ва ҷонибдорони он муқобил мегузорад:

“Ин иқдом ба Ҳизбуллоҳ ва ё ба муқовимати он таъсир нахоҳад дошт. Ин муқовимат дар қаламрави Лубнон вуҷуд дорад, на дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо. Ҳизбуллоҳ гурӯҳи террористӣ нест, ки дар Аврупо амалҳои террористӣ анҷом диҳад. Бо чунин тасмим Аврупо худро бо ин ҳизб ва мардум дар минтақаи мо, бо ҷонибдорони Ҳизбуллоҳ ва ҳатто бо ҳамаи нируҳои минтақа мухолиф мегузорад".

Наҷиб Микатӣ-нахуствазири Лубнон аз чунин тасмими Иттиҳодияи Аврупо изҳори таассуф кард, вале гуфт, ки Бейрут равобити худро бо аъзои Иттиҳодияи Аврупо нигоҳ медорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG