Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони давлатии Миср мегӯяд, ки дар Қоҳира дар задухурди миёни ҷонибдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда як нафар ва дар Қалюб 3 нафари дигар кушта шудаанд
.
Мақомоти расмӣ мегӯзянд, ки дар Майдони Таҳрир ду гурӯҳ байни худ задухурд кардаанд. Он ҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд ва аз аслиҳаи оташзо истифода бурдаанд.

Кормандони беҳдошт мегӯянд, ки як нафар баъд аз тир хӯрдан дар бемористон ҷон додааст. Даҳҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол хонаводаи Мурсӣ гуфтааст, ки бар зидди артиш даст ба иқдомоти қонунӣ хоҳад зад. Аз 3 июл ба ин сӯ, артиш Муҳаммад Мурсиро дар ҷои номаълум нигоҳ медорад. Артиш мегӯяд, вайро барои амнияти худаш дар ҷои амн нигаҳдорӣ мекунанд.

Аммо писари вай Усома мегӯяд, ки барои боздошти падари вай ҳеҷ асоси қонунӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG