Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ: ҲНИТ номзади ҳизби ҳокимро ҷонибдорӣ намекунад


Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ дар Душанбе ба хабарнигорони расонаҳои хабарии хориҷӣ гуфт, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои Тоҷикистон манфиати зиёд меоранд, вале ҳукумати кишвар бояд бо фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунад.

Вай мегӯяд: “Дурсут аст, ки муҳоҷирони мо барои Русия корҳои зиёд анҷом медиҳанд. Онҳо обод мекунанд, месозанд ва поккорӣ мекунанд. Вале ин қатрае аз баҳр дар муқоиса бо он корест, ки онҳо барои Тоҷикистон анҷом медиҳанд”.

Вай изҳор дошт, ки иқтисоди Тоҷикистонро пулҳое нигоҳ медоранд, ки тақрибан як миллион муҳоҷири корӣ аз Русия мефиристанд. Бисёриҳо намехоҳанд эътироф кунанд, ки иқтисоди Тоҷикистонро пулҳои муҳоҷирон гардон мекунад ва пулҳои онҳо 47 дарсади даромади нохоилиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад, ки дар ҷаҳон нишондиҳандаи баландтарин ба шумор меравад.

Оқои Кабирӣ гуфт, ки Русия ҳамкори аслии стратегии Тоҷикистон ҳаст ва бояд боқӣ бимонад. Вай мегӯяд, ки ҲНИТ аз номзади ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ намекунад. Ба ин далел ҳизб ё номзади худро пешниҳод хоҳад кард ва ё аз номзади ягонаи нируҳои мухолифон ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG