Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Amnesty International барои раҳоии Pussy Riot


Гурӯҳи Pussy Riot
Гурӯҳи Pussy Riot
Созмони Афви Байналмиллал ё Amnesty Internationalмегӯяд, бештар аз сад нафар навозандагони машҳур дар поёни номае имзо гузоштаанд ва хостаанд, ки аъзои зиндонии гурӯҳи ҳунарии Pussy Riotраҳо шаванд.

Ин созмон рӯзи душанбе гуфт, Мадонна, Пол мак Картнӣ, Йоко Оно, Брус Спрингстин, Стинг ва амсоли онҳо дар ин нома имзо гузоштаанд.

Онҳо аз мақомоти Русия дархост кардаанд, ки Надежда Толоконниковаи 23 сола ва Мария Алёхинаи 25 сола аз зиндон раҳо шаванд. Онҳо барои эътироз бар зидди президент Владимир Путин дар калисо ду солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дархости онҳо дар бораи раҳоии қабл аз вақт дар поёни ҳафтаи ҷорӣ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG