Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии сафорат аз ҳамагӣ 8 моҳ ҳукми зиндон барои қатли як тоҷик?


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ҳукми вакили маҳаллӣ Сергей Плехановро, ки “барои куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагӣ барои 8 моҳ ба маҳбас кашидааст, изҳори норизоият ва нигаронии зиёд” кард.

Сафорати Тоҷикистон ин ҳукмро ноодилона хонда, гуфт, ки “мӯҳлате, ки суд барои ин ҷинояткор ҷиҳати дар ҳолати мастӣ зада куштани шаҳрванди мо муайян намудааст, бо ҷинояти содиркардааш ҳеҷ тавозун надорад. Тибқи Кодекси ҷиноии Русия, барои чунин кирдор ҷиноятпешаро то 15 сол паси панҷара мешинонанд.” Сафорат аз мақомоти Русия, аз ҷумла аз додситонии кулли ин кишвар хостааст, то дурустии ҳукми вакили ноҳияи Семилукии вилояти Воронежро “аз нигоҳи қонунӣ бисанҷад.”

Додгоҳи вилояти Воронежи Русия ахиран дар як иқдоми баҳсбарангез, ҳукми як вакили русро бетағйир гузошт, ки бо гуноҳи қатли як шаҳрванди Тоҷикистон ба 8 моҳи зиндони шартӣ маҳкум шудааст. Додгоҳи ноҳияи Семилуки дар ин вилоят моҳи апрел Сергей Плеханов, собиқадори вазири умури дохилӣ ва вакили маҷлиси ноҳиявиро дар қатли як шаҳрванди Тоҷикистон гунаҳкор донист ва ӯро танҳо ба 8 моҳи шартии зиндон маҳкум кард.

Дар додгоҳи вилояти Воронеж ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воқеъ додгоҳи вилоят баъди шикояти додситонҳо аз сабукии ҳукм, парвандаро бознигарӣ карда, вале онро бетағйир гузоштааст. Додгоҳ гуфтааст, ки Сергей Плеханов на қасдан, балки ҳангоми муҳофизати худ аз нерӯи беш аз ҳад истифода карда ва аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷавони тоҷик шудааст.

Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Семилуки, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки Сергей Плеханов дар ҳолати мастӣ дар фурӯшгоҳи “Санек”-и ноҳия бо гурӯҳи ҷавонони тоҷик ҷанҷол карда ва бо яке онҳо даст ба гиребон шудааст. Вакили рус аз хашм ба сари ҷавони тоҷик бо шишаи арақ кӯфтааст, ки ӯ баъд аз тақрибан як соат, дар бемористон ҷон додааст.

Қамбаров Н. яке аз ҳамроҳони тоҷики кушташуда ва баъзе дигар аз шоҳидони ҳодиса дар додгоҳ гуфтаанд, ки моҷаро ба айби вакили рус ва ҳамроҳонаш бархостааст, зеро ӯ ба баҳси ҷавонони тоҷик ва як марди дигари рус дахолат карда ва аз як ҷавони тоҷик хостааст, ки дар назди марди рус “Ба зону зада ва узр бипурсад.” Ҷавонони тоҷик гуфтаанд, ки аввал марди рус ба онҳо кор гирифта ва бо нидои “сарсиёҳон омаданд” ва “сарсиёҳон нӯшиданӣ меравед?” “беҳурматӣ кардааст, аз ин рӯ узр намехоҳанд. Аммо моҷаро боло гирифта ва байни муҳоҷири ҳалокшуда ва Сергей Плеханов занозанӣ сурат гирифта ва бо сахт захмӣ шудани ҷавони тоҷик поён ёфтааст.

Додгоҳи ноҳияи Семилуки гуфтааст, бо назардошти онки Сергей Плеханов, собиқадори вазири умури дохилӣ, вакили маҷлиси маҳаллӣ аст ва бо тақдими як порчаи замин ба падари ҷавони кушташуда, хисороти маънавии ҷинояташро ҷуброн кардааст, ӯро танҳо ба 8 моҳи шартии зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, аксар вақт додгоҳҳои Русия дар баҳсҳои додгоҳӣ, ки ҷабрдидагонаш муҳоҷирони тоҷик ва ё мардуми ғайрирус ҳастанд, беадолатӣ мекунанд ва гунаҳкоронро ё ҷазои сабук медиҳанд ва ё бегуноҳ эълон мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG