Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии созишномаи ҳамкорӣ миёни пулиси тоҷику қирғиз


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон тарҳи Созишномаи ҳамкории ду ниҳод дар амри мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ карданд. Дафтари матботи вазорати корҳои дохили Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов мулоқот намуда ва тарҳи Созишномаи ҳамкорӣ байни ду ниҳодро баррасӣ карданд, ки интизор меравад дар як нишасти вазирони корҳои дохили давлатҳои СНГ дар Остона, дар ояндаи наздик, ба имзо расад. Дар ин мулоқот онҳо дар мавриди мубодилаи иттилоот ва оид ба ҳамкориҳои муштарак дар мавзеъҳои назди марзӣ ва роҳҳои муборизаи якҷоя бо гуруҳҳои ҷиноиро баррасӣ карданд. Дар мулоқоти ҷонибҳо зикр шудааст, ки муборизаи муштараки мақомоти умури дохилаи ду кишвар бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта нишон медиҳад, ки таҷрубаи амалиётҳои муштарак барои саривақт ҷилавгирӣ кардан ва ё аз байн бурдани гуруҳҳои ҷиноии фаромарзӣ муфид аст. Як ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, бо роҳбарии муовини вазири ин ниҳод Курсан Асанов рӯзи шанбеи 20-уми июл ба Душанбе ташриф оварданд.
XS
SM
MD
LG