Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии ҳуқуқи занҳоро шавҳараш латту кӯб кард


Нурзиё Атмар, вакили пешини порлумони Афғонистон, ҳомии ҳуқуқи зан ва ҳоло сокини паноҳгоҳи занони озордида. 17-уми июли соли 2013.

Нурзиё Атмар, вакили пешини порлумони Афғонистон, ҳомии ҳуқуқи зан ва ҳоло сокини паноҳгоҳи занони озордида. 17-уми июли соли 2013.

Яке аз ҳомиёни машҳури ҳуқуқи башар ва узви пешини порлумони Афғонистон худ дар хонаводааш ҳадафи бадрафторӣ гирифтааст.

Нурзиё Атмар, вакили пешини порлумони Афғонистон ва аз ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи занон акнун кунҷеро дар паноҳгоҳи занони озордида иҷора гирифтааст. Шӯру ғайрати ӯ акнун ба маротиб коҳиш ёфта, вай ҳарос дорад, ки дар роҳ ба коргоҳ ё бозгашт ба ин манзил кушта хоҳад шуд.

Дар даҳ соли охир занони Афғонистон пас аз машаққати беҳуқуқияшон дар зери султаи Толибон ба пешрафтҳои муҳим даст ёфта буданд. Аммо вазъи имрӯзаи Нурзиё нишон медиҳад, ки чӣ қадар зуд ҳамаи ин пешрафтҳо метавонад ба хок яксон шавад. Ин фаъоли ҳуқуқи зан ва ҳамкорони ӯ нигаронанд, ки пас аз хуруҷи неруҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 вазъ мумкин аст, бадтар шавад. Соли гузашта Афғонистон аз лиҳози хушунати хонаводагӣ ва худкушии занон дар ҷаҳон ҷои аввалро гирифт.

ОИЛА ВА СИЁСАТ

Атмар мегӯяд, шавҳараш Ториёлай Маликзай ибтидо ба назари ӯ як шахси рушанфикр метофт ва ба умури сиёсии ҳамсараш нигоҳи мусбат дошт. Онҳо дар соли 2010, замоне бо ҳам издивоҷ карданд, ки Атмар дар дувумин интихоботи порлумонӣ дар вилояти Нангарҳор ширкат мекард. Кори ӯ барор нагирифт ва чанде нагузашта шавҳараш ӯро комилан хонашин ва ҳиҷобпӯш кард. Пас аз як моҷаро, вақте ки шавҳараш ӯро корд зад ва куштанӣ шуд, Атмар аз хона фирор намуд: “Бо хушнат дучор шудам ва зиндагиям хеле талх шуд. Ин мард ҳар рӯз шароб мехӯрд ва маро мезад ва кор ба ҷое расид, ки бо чоқу(корд) ё ҳар абзори нугтезе, ки ба дасташ меафтод, ба ман ҳамла мекард. Барои ҳамин феълан дар Хонаи амн ба сар мебарам.”

Атмар аввал ба назди падару модари худ баргашт, вале онҳо қабулаш накарданд ва амр доданд, ки ба назди шавҳараш баргардад. Вай баргашт, аммо пас аз муддате хостори талоқ ва аз Маликзай ҷудо шуд. Ҳамзамон аз хонаводаи худаш низ маҳрум гашт: “Онҳо бо ман як мушкил доштанд, ки талоқ бисёр бад аст ва ман набояд талоқ гирам. Ҳоло ҳис мекунам, онҳо аз ман хеле мутанаффиранд. Дар ҳар маҳфилу маҷлисе, ки аз ман ёд шавад, онҳо дашном медиҳанд. Ин маро бисёр абгор мекунад, бисёр ранҷ медиҳад.”

ХОНАИ АМН НОАМН ШУДААСТ

Атмар дар мошине, ки ҳукумат барояш ҷудо кардааст, аз паноҳгоҳ ба коргоҳаш меравад ва бармегардад. Вай дар як идора мушовир аст ва метарсад, ки шавҳари собиқ ё касе аз хонаводаи худаш рӯзе ӯро ба қатл мерасонанд. Вай намедонад, чӣ вақти дигар дар паноҳгоҳ хоҳад монд. “Хонаи амн”, ки як созмони мустақил аст, замоне ифтихори кишвар буд, аммо ҳоло бархе аз вакилони муҳофизакори порлумон онро “фоҳишахона” меноманд.

Дар соли 2011 раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай талош кард, ин созмонро зери назорати давлат гирад. Ин тарҳ замоне ноком шуд, ки матбуоти Ғарб навишт, занон барои ёфтани сарпаноҳ дар “Хонаи амн” бояд ризоияти ҳукуматро ба даст оранд ва бакорати духтарон пеш аз вуруд ба паноҳгоҳ санҷида шавад. Атмар бар ин аст, ки истиқлолияти ин марказ бояд ҳифз шавад. Ин ҳам дар ҳоле ки маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон ҳамчунин хостори бознигарии бандҳои марбут ба хушунати хонаводагӣ дар қонуни кайфарии кишвар аст. Бино ба ин тағйирот пурсиши хешовандони айбдоршаванда ба ҳайси шоҳид манъ хоҳад буд. Ин сабаби пинҳон мондани ҳолатҳои бадрафторӣ бо занону духтарон хоҳад гашт.

Маҷлиси болоии порлумони Афғонистон мехоҳад, бо тағйири қонуни интихобот саҳмияи 25-дарсадии занон дар маҷлисҳои ноҳиявӣ ва вилоятиро баҳам занад.

Латукӯб шудани зане мисли Нурзиё Атмар дар Афғонистон касеро ба ҳайрат наовард. Шояд дар Тоҷикистон низ кам касон изҳори ҳайрат кунанд, зеро бино бар як пажӯҳиш аксаран занони таҳсилдида ва соҳиби шуғл ҳадафи озори шавҳарон ва наздиконашон қарор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG