Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия мехоҳад, аз Русия қарз бигирад


Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия, мегӯяд, кишвараш масъалаи гирифтани қарз аз Русияро баррасӣ мекунад. Қадрӣ Ҷамил гуфт, доир ба ин масъала рӯзи душанбе дар мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар Маскав гуфтӯгу кардааст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки қарордод дар ин замина то охири ҳамин сол ба имзо бирасад. Муовини нахуствазири Сурия афзуд, ки қарордоди баҳсбарангез дар мавриди фурӯши системаи зиддимушакии S-300 ба Сурия барҷой аст. Сергей Лавров дар ин мулоқот гуфтааст, ки ҳадафи конфронси пешбинишудаи сулҳ дар Сурия бояд “рондани тамоми террористҳову ифротгароён” аз Сурия бошад. Русия як шарики Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст, вале чанде пеш ҳамроҳ бо Амрико конфронсеро барои ёфтани роҳи ҳалли муноқиша дар Сурия пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG